Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

by admin
183 views
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, дар саросари мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин баробар имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор гардид.
Дар озмун Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, Холиқова Зайналбӣ, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Қувватова Муҳаббат, номзади илмҳои филологӣ, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба тарбияи факулта ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Дар озмун 16- нафар донишҷӯ аз рӯи 2 номинатсия: номинатсияи сарояндагӣ ва навозандагӣ ширкат варзиданд, ки аз онҳо 8-нафарашон ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.
Бояд қайд кард, ки ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун бо шоҳҷоиза, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

Related Articles

Leave a Comment