Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

by admin
290 views
Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар бахусус наврасону ҷавонон дар саросари мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба шумор меравад.
Озмун дар чор давр ва аз рӯи панҷ номинатсия баргузор мегардад.
Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар озмун Каҷкуллоев Абдухолиқ, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети молиявию иқтисодӣ, Холматов Баҳром, ҷонишини декан оид ба таълими факулта, Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз, Куганов Неъматулло, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, Сафаров Аъзам, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, Холова Ғалатӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, Қурбонов Некрӯз, мутахассиси шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар озмун зиёда аз 23 нафар донишҷӯ аз рӯи чор номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва эҷоди назму наср ширкат намуда, 10 нафарашон ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Related Articles

Leave a Comment