Home ХАБАР ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ

ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ

by admin
93 views

Имрӯз дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳии Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022 мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 3-юми апрели соли 2022 таҳти рақами №62 идома ёфт.
Дар ҷаласа Амиров Файзуллохуҷа, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ, Назарзода Бахтиёр сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, Бобоев Бахтовар, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, Давлатов Раҳмоналӣ декани факултети физика ва математика ва хатмкунандагони факултети мазкур иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа Комиссияи донишгоҳӣ оид ба тақсимоти пешакии хатмкунандагони донишгоҳ баромад намуда, мутахассисони ҷавонро ба вазифаву ӯҳдадориҳояшон ҷиҳати ба ҷои кор ҳозиршавӣ аз рӯи роҳхат тибқи талаботи қонунгузории Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми кишвар шинос намуданд.

Related Articles

Leave a Comment