Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ Ӯ НАМОДИ ОЛИИ ИБРАТ БУВАД!

Ӯ НАМОДИ ОЛИИ ИБРАТ БУВАД!

by admin
202 views

Ҷуброн Халил мегӯяд: «Беҳтарин сарвари давлат ҳамон аст, ки дар дили халқаш тахту маснади ростини худро дарёбад» ва имрӯз садри олии мамлакати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили ҳар хосу оме тахту маснади ростини худро дарёфтаанд.

Аслан 30-соли зафарҳову анбори офтоби саодатбори истиқлол як таърихи рангину омӯзанда, як намоиши ибрату таҷрибагустарӣ ва хосатан як филмномаи таърихиест, ки унвон гирифта «Пешвои миллат». Силсилазафармандии 30-соли миллати мо маҳз аз рустгоҳи миллати мост, ки варо ном Қасри Арбоб аст. Созандаи он Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, шояд мехост барои диёраш як хайри босазое намояд ва инро бинед, ки як хайр зояндаи ҳазор хайри дигар гардид ва як нусрат афзояндаи ҳазор нишоти оянда. Имрӯз, ин қаср як қасри оддӣ нест, балки рустгоҳи миллати мо, милодгоҳу миодгоҳи Тоҷикистони навини мост. Шурӯи сухан аз ин боб дар ибтидои матлаб, бар он нигаронида шудааст, ки маҳз сарвари заковатманди мо чун ғунчаи навшукуфтае аз ин гулбоғи маърифат рустаанд ва аз ҳамин минбари кохи салоҳи миллат садо баланд карда дарҷ намуданд, ки: «МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ!».

Шукри беҳад Халлоқи ҷонофарину ҷаҳонороро, ки ин сиёсатмадори оламошноро барои бахти миллат овард. Дар солҳои 90-уми қарни бист, ҳама бо чашми чор паи нигаронии шахсияте буд, ки бо ҳузураш ба зиндагиву рӯзгори тоҷикон пайғоми мубораки салоҳ оварад ва роҳи зиндагонии Тоҷикистонро мунир намояд. Ин шахсияти нодирсухану фарзонаафкор, ки маҳз бо райъи созандаи ҳамдиёрон сари қудрат омад асосгузори сулолаи муҳаббати навини тоҷикон гардид. Исми ин шахс таи 30-сол аст, ки ҳамчун шиносномаи умумишаҳрвандии муҳаббати тоҷикон дар арсаи байналмилал ба шумор рафта, имрӯз бо ифтихор варо ҳама-ҳама соҳибдилон Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном мебарем. Воқеоти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар барои ҳар фарди соҳибназаре ибрату омӯзанда буда, дар хулосаи афкор ба натиҷае омадан ба маврид аст, ки маҳз ҷаноби олӣ тавонистанд бародарро бо бародар ва духтарро бо модар аз нав сари хони ҳаммаромӣ оваранд. Зарари гарони иқтисодӣ дар ҳаҷми 10 млн. ва паст рафтани руҳи маънавии миллат, коста гардидани соҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои миллати мо фоҷиаи бузурге буд. Сарвари давлат вақте ба сари қудрат омадан, ки буҷаи давлатӣ ба сифр баробар буд ва Роҳбари маҳбубу масъуди кишвари мо тавонистанд ин ҳама норасоиву нуқсонро дар як марҳилаи муайян бо низоми идоракунии ҳамгироӣ бартараф намоянд. Пешвои миллат пайраҳаи сабзи фарҳангу адабро асос гузоштанд. Тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ бо татбиқи барномаҳои давлатии иқтисодиву иҷтимоӣ чун мардуми соҳибфарҳангу бомаром, меҳмоннавозу дорандаи урфу одатҳои ба мерос мондаи ниёгон, Тоҷикистонро чун манбаи обҳои дармонбахшу диловез, гӯшаи нотакрори сайёҳӣ, ганҷе дар қалби Осиё ва мулки кохи нуру матонат ошно намуданд. Салоҳияти Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гаштааст ва дар банди 29-уми моддаи 69-и он омадааст, ки: — «Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад». Роҷеъ ба ин мавзӯъ, метавон гуфт, ки таи панҷ соли охир садҳо олимону адибон, арбобони шоистаи давлатӣ, ходимони илму фарҳанг бо унвону ҷоизаҳои давлатию соҳавӣ, нишони фахрию Ифтихорномаҳо, алалхусус дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ хелеҳо бо ҷоизаи давлатии 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҷиҳати истиқбол аз 30 соли истиқлоли миллӣ эълон доштани 1400 рӯзи меҳнати созанда дар кишвар, як падидаи матлубу хушоянде буд, ки ба ин васила ҳазорон нақшаҳои сохтмонӣ, алалхусус бунёди кохҳои фарҳангӣ, таъмиру тармими ҳазорон ҳазор километр роҳҳои автомобилгард, таҷдиди муассисаҳои таълимиву методӣ, ба миён омадани садҳо киштзори ҳосилхез, номгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар бо исми қаҳрамонону ҷоннисорони меҳан, ворид шудани Наврӯз, Саразм, шашмақом, фалак, чакан, қурутоб ва ғайра ба рӯйхати мероси ғайримоддии Юнеско, пазироии 4-ташаббуси роҳбари кишвари Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба масоили об, тақдими шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфа ба таври ройгон ба ҳар хонадони тоҷик, ба миён омадани се инқилоби азими адаб — «Тоҷикистон — ватани азизи ман!», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат!», таъсиси чандин шабакаҳои телевизионӣ аз қабили телевизиони Сафина, Баҳористон, Ҷаҳоннамо, Илм ва табиат, Шаҳнавоз, ҳамзамон бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар ин радиф қомат афрохтани муҷассамаҳои бузургони гузаштаи миллат ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдураҳмони Ҷомӣ, Лоиқ Шералӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ғайраҳо дастовардҳои шоистаи замони соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар замони ҳукмронии роҳбари маҳбубу хирадманди миллат — Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Умедҷон АМОНӢ, гирандаи стипендияи Президентӣ, хонанда аз  шаҳри Душанбе

Related Articles

Leave a Comment