Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗАБОНИ БАРНОМАРЕЗӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ОН ДАР ОМӮЗИШИ ФАННИ МАТЕМАТИКА

ЗАБОНИ БАРНОМАРЕЗӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ ОН ДАР ОМӮЗИШИ ФАННИ МАТЕМАТИКА

by admin
800 views

Омӯхтани математика ҳангоми барномасозӣ дар забони JavaScript ниҳоят шавқовар аст.

Дар рафти таълими фанҳои математика ва дигар фанҳо мо аз имкониятҳои технологияҳои компютерӣ ба тавр васеъ истифода бурда метавонем. Дар забони барномасозии Java Script (JS) сенарияҳо дар асоси теѓаи <script> дар ҳуљљати асосӣ навишта мешаванд.

Санадҳои таҳиякардашуда дар забони  JS дорои қисмати иловагии номи js мебошанд.  Ҳангоми таҳияи барнома бошад, аз ҳама бештар маълумотҳои навъҳои гуногундошта ба мисли:  string,  numbers, boolean, null истифода бурда мешаванд.

Ҳамаи функсияҳои стандартӣ тавассути функсияи function навишта шуда аз тарафи истифодабаранда муайян карда мешавад.

Объектҳои забони JS дорои навъи маълумотҳои object мебошанд. Таѓйирёбандаи навъи object-ро ба таври оддӣ инчунин объекти корӣ меноманд, ки дар он объектҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Таѓйирёбандаҳои глобалӣ – дар сенарияҳо ҳамчун як қисмати теѓаҳои head ва теѓаи body ва таѓйирёбандаҳои локалӣ дар бадани асосии функсия муайян карда мешаванд.

Дар ин љо мо бо мафҳумҳои асосӣ, операторҳои мантиқӣ, татбиқи математика, имкониятҳои синфи Math шинос мешавем. Сараввал  мафҳуми оператор ва маънои асосии онро дида мебароем. Операторҳо гуфта рамзҳои махсусеро мегуянд, ки ба ин ё он амалиёт вобаста аст, Масалан, амалиётҳои љамъ, зарб, тақсим, муқоисакунӣ. Тамоми операторҳои дар забони Java истфодашавандаро ба синфҳо људо мекунанд.

Аксарияти қисматҳои омӯхташавандаи мо бештар ба коркарди маълумотҳои ададӣ, ҳисоб намудани бузургиҳои нав ва ѓайраҳо мансуб аст.

Дар забон барномасозии JavaScript нисбат ба дигар забонҳои барномасозӣ танҳо як навъи маълумотҳо аз ҳама бештар истифода бурда мешаванд: Number.  Ин маънои онро дорад, ки новобаста аз навъи додашудаи ададҳо дар забони барномасозии JavaScript онро ба навъи он монанд кор карда мебарояд.

Барои љуфти таѓйиёбандаҳоро эълон намудан номҳои онҳоро муайян менамоем:

var myInt = 5;

var myFloat = 6.667;

myInt;

myFloat;

Дар ҳарду маврид бояд навъи «number»истифода барем, пас ин амал кори моро осон мегардонад.

Операторҳои арифметикӣ. Операторҳои арифметикӣ — ин операторҳои асосӣ ба шумор рафта онҳоро бо мақсади иљро намудани амалиётҳои арифметикӣ истифода мебаранд. Одатан ададҳои дар амалиётҳои арифметикӣ истифодашавандаро операнд (operands) меноманд.

Баъзан мисолҳои дидашуда натиљаҳои лозимаро дода наметавонанд. Барои чи чунин амал ба вуљуд меоянд? Барои ба ин савол љавоб додан тартиби иљрошавии амалиётҳоро дида баромада зарур аст.

Аҳамият ва тартиби иљрошавии операторҳо. Фарз мекунем, ки num2 дорои қимати 50 буда ва num1 дорои қимати 10:

num2 + num1 / 8 + 2;

Ҳар як инсон масъалаи додашударо бо тарз зерин ҳал менамояд «адади 50 љамъи адади 10 баробари адади 60″, сипас » 8 љамъи 2 ба адади 10 баробар мешавад», ва дар охир «60 ба 10 тақсим намуда адади 6-ро ҳосил менамоем»[2,саҳ 23].

Барномаи браузери ин амалиётҳо ба таври ба худ хос дида мебарояд: «адади 10-ро ба 8 тақсим намуда адади1.25-ро ҳосил менамояд», сипас «50 љамъи 1.25 љамъи 2 баробари 53.25».

Ин амал аз ҳисоби тартиби иљрошавии амалиётҳои операторҳо ба амал меоянд (дар соҳаи барномасозӣ онро бузургӣ меноманд). Тартиби иљрошавии операторҳо дар забони барномасозии JavaScript аз тартиби иљрошавии амалиётҳои арифметикӣ ҳељ фарқияте надоранд. Чи тавре ки мо аз давраи мактаби медонем дар аввал амалҳои зарб ва тақсим, сипас амалҳои љамъ ва тарҳ иљро карда мешаванд (суммаи ададҳо ҳамавақт аз тарафи чап ба рост ҳисоб карда мешаванд).

Агар тартиби иљрошавии операторҳоро худатон муайян намоед, пас аз қавсҳои даврашакл истифода бурда рафти иљроиши амалиётҳо муайян намуда метавонед. Барои ҳосил намудани натиљаи 6 ба мо зарур аст, ки чунин амалҳоро иљро намоем:

(num2 + num1) / (8 + 2);

Операторҳои  инкремент ва декремент. Баъзан ба ҳолатҳое дучор омадан мумкин аст, ки такроран илова ва ё кам намудани аз адади додашудаи бузургӣ лозим меояд. Ин амалро бо ёрии операторҳои инкремент (++) ва декремент (—) иљро намудан мумкин аст»[3,саҳ 13]..

guessCount++;

Операторҳои инкремент ва декрементро одатан дар вақти сохтани сиклҳо истифода мебаранд. Оператори инкрементро барои гузариш ба ячейкаи нави дар руйхат дар ҳолати зарурият доштан истифода бурдан мумкин аст. Амали инкремент ва декримент ба таври баъакси низ иљро намудан мумки аст. Барои иљрои ин амалиёт ба мо зарур аст, ки оператори додашударо на аз тарафи чап балки аз тарафи рости он нависем.

Барои мисоли дар боло дида шуда ++num1 ва —num2 татбиқ менамоем. 

Операторҳои қиматбахшӣ. Операторҳои қимтбахшӣ гуфта чунин операторҳоеро мегуянд, ки ба ягон таѓйирёбанда қимати муайян бахшида мешаванд. Оператор аз ҳама оддитарини онро  = аллакай мо якчанд маротиба истифода намудем. Ин оператор қимати таѓйирёбандаро аз тарафи рости он мегузорад, масалан:

var x = 3; // қимати x дорои адади  3 мебошад

var y = 4; // қимати у дорои адади  4 мебошад

x = y; // қимати x акнун дорои қимати  y (x == 4)мебошад.

Дар ин љо инчунин якчанд конструксияҳои мураккабдоштаи вуљуд доранд, ки рамзи навишташудаи барномаи моро хеле осон мегардонанд.

Пеш аз ҳал намудании масъалаҳо ба мо зарур аст, ки маълумотҳои назариявиро оид ба функсияҳои татбиқшаванда донем.

Мирзоева Ш. магистранти курси 1— ум ихтисоси математикаи амалӣ

Related Articles

Leave a Comment