Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар бахусус наврасону ҷавонон дар саросари мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба шумор меравад.

Озмун дар чор давр ва аз рӯи панҷ номинатсия баргузор мегардад.
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар озмун Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия, Абдусамадзода Эраҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Холиқова Зайналбӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Зулфиев Гадомад, дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ¬-педагогӣ, Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар озмун зиёда аз 25 нафар донишҷӯ аз рӯи чор номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва эҷоди назму наср ширкат намуда, 13 нафарашон ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.