Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ МЕШУДА БОШАД?

МЕШУДА БОШАД?

by admin
33 views

«Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?»

Ин гиряи беш, боз тараб мешуда бошад?

Аз рӯзи рухаш рӯзии мо кай бирасад боз?

Моҳи рухаш озод зи шаб мешуда бошад?

Ман ошиқаму орзу дорам ба висолаш,

Ӯ низ чу ман, васлталаб мешуда бошад?

Ӯ шоҳи ҷаҳон асту мани банда гадояш,
Бар шоҳ каромат касаб мешуда бошад?

Гуфтаст, ки худ асли шаҳон банданавозист,

Дар кеши худу аслу насаб мешуда бошад?

Бовар ба дил он аст, ки васлаш на ба дерист,

Ё Раб, магар ин кори аҷаб мешуда бошад?

Пайдост, Ҳасан ошиқи он гулпераҳан шуд,

Ӯ маъшуқи ин ҷомақасаб мешуда бошад?

Мадасани АЗИЗМАД, донишҷӯи соли 4-уми факултети химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment