Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ КИТОБ-КАЛИДИ ДОНИШ ВА ОИНИ ЗИНДАГИСТ!

КИТОБ-КАЛИДИ ДОНИШ ВА ОИНИ ЗИНДАГИСТ!

by admin
470 views

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Китоб бузургтарин мӯъҷизае аз кулли мӯъҷизоти олам аст, ки инсоният дар роҳи бахту тавоноии худ офаридааст. Китоби асил аҳамият ва қимати олии худро дар маҷрои бисёр давру замонҳо гум намекунад ва омили қавии инкишофи илму санъати ҷаҳонӣ мегардад, ангезандаи пешрафти бузурги маданиву техникии ҷамъият қарор меёбад. Вай аз насл ба насл, аз аср ба аср гузашта абадӣ мемонад ва дилрабоии аввалинаашро заррае ҳам аз даст намедиҳад.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Чунин сӯханҳо беҳуда нестанд, чунки ҳар як халқу миллате, ки тавлид меёбад таввасути китоб ва маданияти худ шинохта мегардад.

Пас китобро бояд дӯст дошт. Вай роҳнамои ҳаёти мост. Китоб дӯстона ёри медиҳад, ки мо бо андеша ва ҳиссёт ба ҳодисаҳои рангини зиндагӣ сарфаҳм равем, эҳтироми инсон ва худро омӯзем, ақлу дилро бо ҳисси муҳаббат ба олам ва ба одам бол бубахшем. Китобро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, ки он сарчашмаи дониш аст. Танҳо дониш наҷотбахши мо мегардад, танҳо вай қодир аст, ки моро одами донишманд, баркамол, поквиҷдон ва бохирад гардонад.

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Гулдастаи РУСТАМ, донишҷӯи соли 4-уми факултети химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment