Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ, ДОКТОРИ ИЛМИ ПЕДАГОГИКА, ПРОФЕССОР МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ, ДОКТОРИ ИЛМИ ПЕДАГОГИКА, ПРОФЕССОР МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

by admin
187 views

Шири модар к-аз таровишҳои хуни ҷигар аст,

З-ин сабаб ҳам модаронро сӯзиши дил дигар аст.

Модарону бонувони арҷманд,
Хоҳарону фарзандони азиз!
Имрӯз мо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову пурнишот, муборактарин идҳои инсоният, ҷашни шодии дилҳову меҳру вафои модарон – Рӯзи модар ҷамъ омадаем, ки ҳамасола бо фарорасии фасли баҳору шукуфтанҳо ва дар арафаи ҷашни бузургу қадимтарини миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз таҷлил мешавад. Мехоҳам ҳамаи шумо – бонувону фарзандони азиз ва дар симои шумо кулли занону модарони хуштолеи кишварро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаободӣ ва саодати рӯзгор таманно намоям.
Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Зан чи дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, чи ба сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.
Ҷашни фархундаи модарону бонувон муждаи расидани баҳори хуҷастапай ва ҷашни Наврӯзи Аҷам буда, дар ин айём табиат аз нав эҳё ва хурраму дилкаш мегардад; занону бонувон либосҳои миллии чакан, атласу адрас ба бар карда, фазои кӯчаву хиёбон, боғу гулгаштҳо, идораву корхонаҳо идона мегардад. Рангорангии табиат ва тобишҳои рангҳои либосҳои миллӣ ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад. Яъне фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор аст, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад.
Мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони шуҳратёри мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалати занону бонувон чунин иброз намудаанд: “Иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд”.
Аллома Иқбол мегӯяд: “Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.
Бузургии зан-модар аз ҷумла дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори рукнҳои асосии мавҷудияти халқу миллат – забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург водораш месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбият намояд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд бисёр бузург аст. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан — модар вобаста аст.
Модари тоҷик дар тули тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома медиҳад. Чунончи Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҳомии таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллат менигоранд: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».
Зани тоҷик имрӯз, баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвари азизамон саҳми босазову арзишманд дорад.
Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи суханрониҳои худ ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.
Дар Паёми имсолаашон низ Пешвои муаззами миллат аз бузургиву мақоми волои зан-модар ёдовар шуданд: “Зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.
Ҳамин тавр, бузургон зан-модарро фариштаи хушбахтӣ, маркази меҳр, чароғи пурнури хонадон, азизи ҳар як оила, қуввати дили аҳли хонавода, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ, чашмаи бахшиш, намояндаи ишқ, афзояндаи нури чашм, сарвати зиндагӣ, роҳати дунё, беҳтарин доруи дарди ғамҳо, мураббию тозанигоҳдорандаи ахлоқи мард, бӯйи гули хуши бӯстон, нигини пурҷилои тоҷи миллат, беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонӣ донистаанд.
Аз ин рӯ, мо – мардонро мебояд ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо бирасем. Набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву аллома ва чеҳраҳои мондагори башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд; дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаву аз файзи шири сафеду меҳри нотамомаш ба камолоти инсониву шуҳрати ҷаҳонӣ ва эътирофи абадӣ расидаанд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшанӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Боиси хушнудист, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бонувон мақоми баландро соҳиб буда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар нақши созандае доранд. Аз солҳои аввали соҳибистилолӣ масъалаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро таъмин намуд. Аз ҷумла, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат чандин тадбирдои мушаххасу саривақтӣ, монанди қабули барномаи давлатӣ оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, қабули духтарон ба муассисаҳои олии касбӣ тибқи квотаи президентӣ ва ғайра сурат гирифт, ки дар баланд бардоштани манзалату ҷойгоҳи зан-модар нақши назаррас доранд.
Чунончи аз Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат бармеояд, занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил дода, имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло наздики 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Шоёни таъкид аст, ки беш аз нисфи коллективи кормандон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро занон ташкил медиҳанд, ки дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ кору фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ 20 нафар бонувон дар корҳои роҳбарии сохторҳои донишгоҳ ҷалб гардида, ҳамакнун 35 нафар соҳиби унвонҳои илмӣ (1 нафар доктори илм, 19 нафар номзади илм – дотсентон, 16 нафар номзадони илм) мебошанд. Айни замон, дар донишгоҳ 56 нафар унвонҷӯ, 26 нафар докторанти Ph.D аз рӯйи ихтисос, 85 нафар магистарантон аз ҳисоби занону бонувон фаъолияти илмӣ доранд.
Бо ташаббусу иқдомҳои бонувони донишгоҳ фаъолияти Шӯрои духтарони донишгоҳ низ хуб ба роҳ монда шуда, донишҷӯдухтарон бо иштироки фаъолона, хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд. Дар донишгоҳ дар таълими рӯзона 3099 нафар донишҷӯдухтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 259 нафари он тибқи Квотаи президентӣ мебошанд. Инчунин, 340 нафар донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ истиқомат менамоянд.
Сарвари давлат, Пешвои маҳбуби миллат оид ба нақши занону бонувон дар рушди мамлакат таъкид намудаанд: “Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.
Дар партави ҳамин гуфтаҳо, ибрози боварӣ менамоем, ки шумо занону бонувону хуштолеи донишгоҳ тамоми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, сармашқи фаъолияти пуршарафи хеш қарор дода, шогирдони соҳибмаърифату донишманд, хушахлоқу хештаншинос, навовару ихтироъкор, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, парчамбардори миллат ва ояндаи боэътимоди давлатро бар камол мерасонед ва дар шукуфоии Тоҷикистони азизамон пайваста ҳиссаи арзишманд мегузоред.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо модарону бонувон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, шумо ва дар симои Шумо ба хонадони ҳамаи модарону бонувони ҷумҳурӣ файзу баракат, ваҳдату оромӣ ва комёбӣ таманно дорам.
Рӯзи Модар ва истиқболи баҳор муборак, модарону хоҳарони гиромӣ, фарзандони азиз!

Related Articles

Leave a Comment