Имрӯз дар факултаи омӯзгори ва фарҳангӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфернсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайомадҳои он” баргузор гардид.

Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент Рафиев Сафархон ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Шарипов Бахтовар дар мавзӯи “Нақши муассисаҳои томактабӣ дар тарбияии хештаншиносии кӯдакон” ва саромӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ дар мавзӯи “Рушди таҳсилоти фарогир” суханронӣ намуданд. Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.