
Дар дарс Ашӯрова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Саидова Нилуфар, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия, Муродов Ҷамил, ҷонишин декан оид ба тарбия, Одинаева Гулбону, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст дарсро дотсент Холиқова Зайналбӣ оғоз намуда, қайд карданд, ки “Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврӯзро ҳамчун ба зиндагии пас аз марг шабоҳат медиҳанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ меҳисобанд. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд”.
Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи худро таҳти унвони “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд” пешкаши ҳозирин намуданд.