Home ХАБАР РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ДОНИШГОҲ

РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
133 views
Санаи 2-юми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ рӯзҳои «Дарҳои кушод» баргузор гардид.
Дар ошёнаи аввали бинои нави донишгоҳи мазкур намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён ба маърази тамошои хонандагон гузошта шуда буд, ки ҳудуди 500 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи Кӯлоб ширкат варзиданд. Ба довталабон маълумотҳо оид ба фаъолияти донишгоҳ пешкаш карда шуд.
Пас аз намоиши дастовардҳо дар «Толори фарҳангӣ»-и донишгоҳ бо ҳамроҳии хонандагон Холиқзода Айниддин ноиби ректори оид ба таълим, Шарипов Анвар, сардори раёсати таълими донишгоҳ, Худойдодова Шарофат ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва деканони факултаҳо сӯҳбати озод намуданд. Нахуст сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин оғоз намуданд. Сипас, Худойдодова Шарофат ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҳамаи хонандагонро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ даъват намуданд ва интихоби довталабонро ба ин донишгоҳ тавсия намуданд. Боқимондаи вақтро бо саволу ҷавобҳое, ки аз ҷониби хонандагон дар бораи донишгоҳ ва факултаҳои гуногун дода шуда буд, гузарониданд ва ба ҳар як савол ҷавобҳои саҳеҳ ва пурра гардонида шуд. Як қисми саволҳо мутаалиқ ба муносибатҳои байналмилалӣ рабт доштанд, ки ба ин саволҳо ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат посух доданд. Ҳамчунин деканҳои факултаҳо Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика ва Шарипова Одинамо декани факултети филологияи рус доир ба таҳсил дар факултаҳои номбурда баромад намуданд.

Related Articles

Leave a Comment