Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — КАФИЛИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — КАФИЛИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

by admin
312 views
Волотарин дастоварди мардуми тоҷик дар таърихи навин соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гардид.
Истиқлоли давлатӣ барои мо — тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷи кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид.
Дар он вақт Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.
Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба душ гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгӯӣ, хақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. Ӯ савганд ёд намуда гуфт: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бараъло собит намуда истодааст.
Ба шири модарат хурдӣ қасам, сулҳ меорам,
Хариди ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ
Сипосу азр таҳти дил бигӯянд халқ пеши ту,
Чӣ ҷойи гап, ки ба ҳар дард дармонӣ, ту меарзӣ.
Пешвои миллат тамоми саъю кушишҳояшонро баҳри ободии Тоҷикистони азиз равона карда, миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ бо кордонию меҳнатпарастӣ, меҳмондӯстиву меҳмоннавозӣ муаррифӣ намуд.
Туфайли заҳмату талошҳои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, Тоҷикистон ба биҳишти рӯи замин мубаддал гаштааст.
Сохта ва ба истифода додани як қатор муассисаву корхонаҳои соҳаҳои гуногун дар саросари кишвар, таъсиси МИО, таъсиси садҳо ҳазорон ҷойҳои нави корӣ барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо гувоҳи рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз аст.
Имкониятҳо фаровон барои донишазхудкунӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, шуғл варзидан ба касбу кори дилхоҳ муаррифи ҳунарҳои қадимаю таърихии мардуми тоҷик ба ҷаҳониён ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021, маҳз барои эҳё гардонидани касбу ҳунарҳои мардуми тоҷик ва имтиёз баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвари азизамон гувоҳи онанд.
Бо ин ҳама хизматҳои шоён ва содиқ будан ба ин халқу Ватан Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги мардуми тоҷик маскан гирифта, қуввату марҳам ба қалби пурэҳсоси онҳо гаштаанд. Аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар мардуми тоҷик сарфароз гашта, бо чунин сарвари адолатпарвар мефахранд ва доимо дуогӯю шукргузор аз он ҳастанд, ки Худованд ба мо чунин сарвари хирадманд, оқил ва пуштибонро насиб гардонидааст.
Бошад, ки дар ватани маҳбуби мо, Тоҷикистони азиз фазои сулҳу субот ҳукмфармо бошаду мардуми шукргузори тоҷик дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давлатдорӣ намуда, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқубунёд ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаро ишғол намояд.
Шаҳрбону БОБОХОНОВА, саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment