ХАБАР ДАРСИ НАМУНАВИИ ДОКТОРАНТ by admin 28.02.2022 28.02.2022 17 views Имрӯз дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии докторанти курси якуми ихтисоси биология Раҷабов Афзалшо дар мавзӯи “Системаи асаб” дар гурӯҳи 301-и ихтисоси химия ва биология баргузор гардид. Дар дарс Холиқзода Айниддин- номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълим, Зулфиев Гадомад-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Қурбонов Кароматулло-сармутахассиси раёсати таълими донишгоҳ, Исуфов Дилшод-номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултети мазкур, Қуллаев Шоҳмурод-мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро докторант Раҷабов Афзалшо оғоз намуда, оид ба мавзӯи дарс, ки “Системаи асаб” ном гирифта буд, суханронӣ намуда қайд карданд, ки “Системаи асаб дар танзими вазифаи организм роли муҳим мебозад. Вай кори доимии ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва системаи онҳоро таъмин мекунад. Бо мавҷудияти ин система организм бо муҳити беруна алоқаманд аст. Фаъолияти системаи асаб ба ҳиссиёт, таълим, хотир, нутқ, тафаккур ва раванди рӯҳӣ асос ёфта, одам бо ёрии онҳо на танҳо муҳити атрофро дарк мекунад, балки метавонад онро фаъолона дигаргун созад. Системаи асабро ҳуҷайраҳое ташкил мекунанд, ки онҳо нейрон ва ҳуҷайраҳои асосии бофтаи асаб буда, кори системаи асабро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳои ҳамроҳ вазифаи ғизодиҳӣ, такягоҳӣ ва муҳофизатиро иҷро менамоянд. Миқдори ҳуҷайраҳои ҳамроҳ назар ба нейронҳо қариб 10 маротиба зиёдтар мебошад.” Дар охир дарс бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира хотима ёфт. Share FacebookWhatsappTelegramEmail Related Articles СУХАНИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ... 27.06.2022 КОНФРОНС ТАҲТИ УНВОНИ “ФАЛСАФАИ ВАҲДАТ” 23.06.2022 БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ — ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ... 22.06.2022 БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ 22.06.2022 БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГ ДАР ДОНИШГОҲ 22.06.2022 ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КОМСОМОЛИ... 15.06.2022 МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ 15.06.2022 МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD 15.06.2022 КОНФЕРЕНСИЯИ ИФТИТОҲӢ ОИД БА САФАРБАРКУНИИ ДОНИШҶӮЁН БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ... 13.06.2022 МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD 13.06.2022 Leave a Comment Cancel Reply Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.