ХАБАР ДАРСИ НАМУНАВИИ ДОКТОРАНТ by admin 28.02.2022 28.02.2022 245 views Имрӯз дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии докторанти курси якуми ихтисоси биология Раҷабов Афзалшо дар мавзӯи “Системаи асаб” дар гурӯҳи 301-и ихтисоси химия ва биология баргузор гардид. Дар дарс Холиқзода Айниддин- номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълим, Зулфиев Гадомад-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Қурбонов Кароматулло-сармутахассиси раёсати таълими донишгоҳ, Исуфов Дилшод-номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултети мазкур, Қуллаев Шоҳмурод-мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро докторант Раҷабов Афзалшо оғоз намуда, оид ба мавзӯи дарс, ки “Системаи асаб” ном гирифта буд, суханронӣ намуда қайд карданд, ки “Системаи асаб дар танзими вазифаи организм роли муҳим мебозад. Вай кори доимии ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва системаи онҳоро таъмин мекунад. Бо мавҷудияти ин система организм бо муҳити беруна алоқаманд аст. Фаъолияти системаи асаб ба ҳиссиёт, таълим, хотир, нутқ, тафаккур ва раванди рӯҳӣ асос ёфта, одам бо ёрии онҳо на танҳо муҳити атрофро дарк мекунад, балки метавонад онро фаъолона дигаргун созад. Системаи асабро ҳуҷайраҳое ташкил мекунанд, ки онҳо нейрон ва ҳуҷайраҳои асосии бофтаи асаб буда, кори системаи асабро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳои ҳамроҳ вазифаи ғизодиҳӣ, такягоҳӣ ва муҳофизатиро иҷро менамоянд. Миқдори ҳуҷайраҳои ҳамроҳ назар ба нейронҳо қариб 10 маротиба зиёдтар мебошад.” Дар охир дарс бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира хотима ёфт. Share FacebookWhatsappTelegramEmail Related Articles БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ... 08.05.2025 80 СОЛИ ҒАЛАБА: АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ДАРСИ... 08.05.2025 БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ 08.05.2025 МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМИИ УНВОНҶӮЙ 07.05.2025 МУҲОКИМАИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ 07.05.2025 КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ 03.05.2025 БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”-И КАФЕДРАИ ФАЛСАФА 02.05.2025 МИЗИ МУДАВВАР: АҲАМИЯТИ МИЛЛИИ НАҚШИ ЗАБОН ДАР ТАШАККУЛИ... 02.05.2025 БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ БОСТОНШИНОСОНИ ҶАВОН 01.05.2025 ОҒОЗИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ 01.05.2025 Leave a Comment Cancel Reply Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.