Home ХАБАР РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШР

РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШР

by admin
107 views
Имрӯз бо ташабуси кафедраи назарияи иқтисодии факултети молиявию иқтисодӣ муаррифии монографияи илмии устодони кафедра: номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидов Муҳамаднаим Негматович ва номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Сафаров Аъзамҷон Аҳмадхонович баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ин ҳамоиш декани факултет номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкулоев Абдухолиқ Фатҳулоевич баромад карда, иброз доштанд, ки монографияи илмии устодони кафедра дар сатҳи баланди илмӣ ба нашр расидааст. Сипас дотсент Мирсаидов М.Н. баромад карда, иброз доштанд, ки дар монография назарияҳо ва марҳилаҳои асосии ташаккули консепсияи рушди устувор, ҷанбаҳои методологии рушди устувори минтақа ва омӯзиши таҷрибаи хориҷии барномаҳои давлатии таъмини рушди устувори минтақа мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифта, вазъи иҷтимоӣ, тамоюлҳои иқтисодӣ ва таъсири омилҳои экологӣ ба рушди устувори минтақаи Хатлон таҳлилу баҳодиҳӣ гардидааст. Инчунин модели дурнамои рушди устувори минтақаи Хатлон тарҳрезӣ шуда, самтҳои аз нигоҳи илмию амалӣ асоснокшудаи такмили механизми танзими давлатии рушди устувори минтақа пешниҳод гардидааст.
Монографияи мазкур барои истифодаи донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони мақомоти давлатӣ тавсия карда мешавад.

Монография бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба чоп тавсия шудааст. Дар рафти ҳамоиши илмӣ номзадони илм, Куганов Н.К ва Комилов Н.Б. баромад карда, нашри монаграфияи мазкурро муҳим ва саривақтӣ шумориданд.
Бояд ёдовар шуд, ки монаграфия бо дасгирии лоиҳаи фонди Аврупо «ERASMUS+» ва барномаи «TRIGGER» роҳадозии усулҳои инноватсионӣ, малкаҳои соҳикорӣ ва муносибат бо донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба кор таъминшавии хатмкуннадагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Осиёи Марказӣ нашр шудааст.

Related Articles

Leave a Comment