Home ХАБАР Сухани табрикии ректори донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сухани табрикии ректори донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

by admin
106 views
Меҳмонони арҷманд!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Устодону донишҷӯёни азиз!
Сараввал, мехоҳам ҳамаи шуморо ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷашни ҷавонмардиву ҷасорат, далериву шуҷоат, сарсупурдагӣ ба амри Ватан ҳамасола ҷиҳати қадршиносии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ташвиқи ҷавонону наврасон ба хидмати Модар – Ватан, ҳифзи сулҳу субот, тамомияти арзии кишвар, амнияту осоиштагии мардум, истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад, табрику таҳният гуфта, дар симои шумо ба кулли ҳамдиёрон, ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан саломативу сарбаландӣ, бахту иқболи баланд ва дар таҳкими амнияту суботи кишвар, ҳифзи арзишҳои милливу истиқлолияти давлатӣ шарафи хидмати шоиста ва фаъолияти пурсамару созанда таманно намоям!
Боиси шукргузориву ифтихормандӣ аст, ки инак, бо шарофати заҳматҳо ва корнамоиҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик низ дорои давлати соҳибистиқлоли демократӣ буда, на танҳо ҷиҳати ҳалли масоили дохиливу минтақавӣ, балки масоили глобалии ҷаҳон ташаббусҳои созанда нишон медиҳад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ҷиҳати барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманд гузошт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити бисёр душвори солҳои 90-ум бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради расмии низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир шуда, манбаи илҳоми ҷавонон ва шуълаи умеди мардум ба фардои дурахшони Ватан гардид.
Ҳамин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурсамару ҳамкории судманди соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ба комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил шуда, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии мо машҳури ҷаҳониён гардид.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз, аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳиммот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманди худро гузошт.
Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Чунончи Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
Бешубҳа, мушкилтарин ҷабҳаи мубориза дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлолу пуриқтидор, пешрафтаву мутараққӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароити мусоид барои инкишофи озодонаи шаҳрвандон ин мубориза алайҳи хоинон – парвардагони носипосу намакношиноси худист, ки фирефтаи бозиҳои сиёсии манфиатдорону муғризон гашта, тамоми арзишҳои волои инсонӣ, ҳиммати ҷавонмардӣ, нангу номус ва қарзи ватандориву шарафи зиндагии шоиставу сарбаландонаро пушти сар гузошта, даст ба амалҳои зишту харобиовар ва аксаран ҷуброннопазир мезананд.
Хушбахтона, ҷавонони насли истиқлол, ки зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба воя расидаанд, атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, дар муҳорибањои иттилоотӣ дасти боло доранд: бар тамоми иддаову буҳтонзаниҳои бадхоҳону камназарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавобҳои сазовору пурдалел дода, ба гунае “ба даҳони нопоки эшон мушти адолату ростӣ ва ваҳдату якдилӣ” мезананд. Ин ҳама далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад, ки албатта, бо назардошти чолишҳои пайвастаи авзои сиёсии ҷаҳон, бояд такмил дода шавад.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо барои ҳар фарди бедордили ҷомеа қарз, масъулият, ифтихор аз давлату миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва талошу заҳмати фидокорона баҳри рушди тадриҷии кишвар, ҳифзи истиқлолу ваҳдати сартосарӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги ғании давлатдорӣ буда, дар ягон давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтааст, аммо фарзандонаш баҳри пос доштани таъриху фарҳанг, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҷонбозиву қаҳрамониҳо намудаанд.
Бо итминони комил изҳор медорем, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳар як ҷавонмарди баору номус ва шуҷои Ватан ба масъулияти ватандории худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Чунончи Пешвои маҳбубу хирадоини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид намуданд: “Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд”.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу сарбаландӣ ва дар ҷабҳаи пуршарафи ҳимояву рушди Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳияи шикастнопазиру иродаи қавӣ орзу менамоям.

Related Articles

Leave a Comment