Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

by admin
187 views
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши бениҳоят муҳим мегузоранд.
Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.
Яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллату давлат ва боло рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Бешубҳа, имрӯз дар асоси сиёсати бобарори хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосгузори он Сарвари хирадманду дурандеш ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосси худро касб намудааст.
Сиёсати хориҷии ҳар як давлат дар рушду нумӯъ ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ авлият дорад. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ яке аз сатҳҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин сиёсати хориҷии он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил, сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Тӯли 30 сол аст, ки давлату миллати тоҷик дар фазои озоду ором арзи ҳастӣ менамоянд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои сиёсӣ-дипломатӣ барқарор карда, ба узвияти чанд созмони байналмилаливу минтақавӣ дохил шуда, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷии давлати мустақили Тоҷикистон дар шароити ҳассос ва мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир изҳори андеша намуда, тазаккур доданд, ки «имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷи ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ — Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳамияти хосса медиҳад.
Ҳамчунин, дар ҳамин Паём Президенти мамлакат саҳми арзишманди Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат ба парлумони кишвар аз силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, ёдовар шуданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи обшавии пиряхҳо изҳори нигаронӣ карда, қайд намуданд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз аз пиряхҳои Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Дар ин замина Президенти мамлакат кўшишҳои Тољикистонро дар бобати соли 2025 эълон намудани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро якҷо бо шарикони байналмилалии худ баланд арзёбӣ намуданд.
Дар Паёми имсола ба Маљлиси Олӣ Пешвои миллат мавќеи Тољикистонро ба љонибдории рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа ишора намуда, таъкид карданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.
Президенти мамлакат вазъияти ноороми Афғонистони ҳамсоякишварро дар меҳвари Паёми худ ќарор дода, саҳми Тољикистонро дар љалб намудани диќќати љомеаи љаҳонӣ ба ќазияи ин кишвари љангзада баланд арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат такрор намуданд, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад.
Сарвари давлат аз таърихи љанги таҳмилии шаҳрвандӣ ёдовар шуда, бо назардошти чунин таљриба талхи таърихӣ хостори барпо намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсояи мо шуданд.
Президенти мамлакат ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистонро дар сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ишора намуданд. Дар ин замина Роҳбари давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон амри зарурӣ дониста, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд.
Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати хориҷии мамлакат мавқеи намоён ва нақши барҷаста гузоштанд, зеро пас аз ироаи ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равобиту муносибатҳои неку судманд бо кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ хубтару беҳтар мегарданд ва ин санади сарнавиштсоз ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, таъмини манфиатҳои халқу давлати Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо, инчунин, баҳри баланд бардоштани мақому манзалат ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Рамазон БОРОНОВ, ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment