Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲИДОЯТҲО АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҲИДОЯТҲО АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

by admin
290 views
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21.12.2021 фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо тафовут аз паёмҳои қаблӣ натиҷагирии сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ ва таъйини нақшаву барномаҳо барои панҷ соли оянда – 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буд, ки бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуданд.
Пешвои муаззами миллат нахуст соли 2021-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда маънидод намуданд, зеро имсол мо бо ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи сартосарӣ, ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамонро дар саросари кишвар бо иқдомҳои наҷиби ободкориву созандагӣ, роҳкушоиву гулрезнамоии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии мамлакат ва чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангиву базмҳои осмонкафи ҷамшедӣ таҷлил намудем ва инак, давлати деринтизори миллии мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёт ворид мегардад. Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан арзёбӣ гардид.
Аз хиради волои сиёсии Сарвари давлат аст, ки, бо назардошти авзои сиёсии ҷаҳони муосир, афзоиши рӯзафзуни таъсири ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба амнияти як қатор кишварҳои олам, хоса вазъи ноороми сиёсӣ дар ду кишвари ба мо ҳамсарҳаду ҳамсоя, Пешвои муаззами миллат, сиёсатмадори набзшиноси замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми имсолаи хеш аз таҷрибаи талхи ба истиқлолу озодӣ расидани миллат, аз фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани мардуми кишвар, хисороти моддиву ҷонии ҷанги шаҳрвандӣ, таҷрибаи расидани ба сулҳу салоҳ, марҳилаҳои ташаккули аркони давлатдорӣ, баргардонидани гурезаҳо, иқдомҳои барқароркунии баъдиҷангии соҳаҳои хоҷагидории мамлакат, ташаккули мақомоти қонунбарор, иҷроия ва ҳифзи ҳуқуқ, татбиқи қонунҳои афв, ислоҳот ҷиҳати тағйири шакли муносибатҳои иқтисодӣ ба иқтисоди бозоргонӣ ва таъсири тадриҷии онҳо ба вазъи иҷтимоии мардум ёдовар шуданд, то таҷрибаи талхи он рӯзҳои сахт ва сахтиҳои таҳаммулнамудаи халқ ҷиҳати расидан ба ин рӯзҳои неку осоишта абадан дар саҳифаҳои таърих бимонаду боди ҷангу тафриқа ва парешониву бесарусомонӣ дигар асло ба ин сарзамини биҳиштосову аз файзи меҳнати соҳибватанон некманзар навазад.
Дар Паёми Пешвои миллат даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ маънидод шуд. Аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 (53 баробар зиёд) ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ (111 баробар зиёд) расонида шудааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфта, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардидааст, ки бо фаъолияти онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзудааст.
Муваффақиятҳо дар соҳаи кишоварзӣ зикр гардида, аз ҷумла қайд шуд, ки дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2-3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад ва бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.
Вобаста ба раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, инчунин, таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, зикр гардид, ки дар ин самт 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, соли 2017 яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат амалӣ шуда, Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил дода шуд ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани он таъмин гардид.
Пешвои миллат роҷеъ ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ аз бунёду таҷдиди 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, натиҷагирӣ намуданд, ки 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ шудааст.
Чун меҳвари дурнамои панҷ соли ояндаи фаъолияти Ҳукумати ҷумҳуриро рушди соҳаи саноат ташкил медиҳад, қабл аз таҳлили муфассали соҳаҳо зикр шуд, ки дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуда, танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.
Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ номида шуд.
Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, ки аз оғози давлатдории хеш рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро асоси таъмини рушди соҳаҳои дигар, афзудани хештаншиносиву ҳуввияти милли наврасону ҷавонон, эътибори байналмилалии миллату давлат дониста, баҳри таъмини рушди бемайлони ин соҳаҳо тадбирҳои саривақтиву судманд роҳандозӣ менамоянд, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз муваффақияту камбудиҳои ин соҳаҳо натиҷагирии муфассал намуданд. Беҳтарсозии заминаи моддӣ-техникӣ, сохтмони иншооти наву замонавии таълимӣ, мутобиқкунонии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, омодасозии омӯзгорони донандаи забонҳои хориҷӣ, махсусан дар равияҳои табиию риёзиро баҳри таъмини рушди соҳаи саноати кишвар ногузир арзёбӣ намуданд.
Чунончи қайд гардид: «… Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Қайд гардид, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар мерасад. Дар ин муддат дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Хурсандибахшу умедворкунанда аст, ки ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода шуда, шумораи чунин ҷавонон дар соли 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.
Пешвои миллат аз вазъи забондонӣ дар ҷумҳурӣ, ҷавобгӯ набудани барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ибрози нигаронӣ намуда, ҷиҳати такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишвар, ки ҳар ду аз забонҳои кории СММ буда, нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва аз падарону модарон даъват ба амал оварданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамзамон, ҷиҳати боло бурдани малакаи хонандагон ва дар замири онҳо бедор намудани рағбати илмомӯзӣ, махсусан омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил дар кишвар бунёд ва ба истифода додани беш аз 1000 иншооти таъйиноти гуногуни соҳаи маорифро дар панҷ соли минбаъда, кушодани шуъбаҳои алоҳидаро дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ ҷиҳати омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ ба масъулин дастур доданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад ва зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Пешвои муаззами миллат ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамонро, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург дониста, илова намуданд, ки эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Эҳёи жанрҳои «Шашмақом», «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардиданд.
Ҳадафи баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз маънидод гардид.
Басо хурсандибахш аст, ки ҳамчун самараи талошҳову ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат соли 2021, дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум», 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд. Санаи 15 декабри соли 2021 аз ҷониби ЮНЕСКО намунаи мероси фарҳанги миллии мо – санъати мусиқии халқии «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Сарвари давлат бо ифтихор ва виқори хусравона аз соҳибдавлативу тамаддуни оламшумул, зикр намуданд, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид ва дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ хоҳад гашт.
Сарвари давлат ба ҳайси Пешвои хирадманду сиёсатмадори ороста бо малакаҳои сиёсӣ оид ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуда, онро ниҳоят ҳассосу мураккаб номиданд ва мардуми кишварро ба ҳифзи истиқлолу озодӣ, арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуданд. Дар робита ба қазияи Афғонистон аз мавқеи сулҳгароӣ ва ойини неки ҳамҷаворӣ таъкид намуданд, ки: «Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем”.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик дар соли нави мелодӣ бо татбиқи нуктаҳои Паёми ояндаафрӯзу ояндасози Пешвои миллат ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардида, дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги мамлакат ҷаҳиши азиме ба вуқӯъ мепайвандад ва ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат, хоса баҳри рушди саноати ватанӣ ва ниҳоят некуаҳволии бештари мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад. Барои расидани ба он рӯзҳои беҳтар моро зарур аст, ки ба ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат гӯш фаро хонем ва якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем. Чунончи Пешвои миллат таъкид намуданд: “Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад”.
Мирализода Абдусалом Мустафо, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment