Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ПАЁМИ РАҲНАМО ВА СОЗАНДА

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ПАЁМИ РАҲНАМО ВА СОЗАНДА

by admin
52 views
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба мақоми Олии қонунбарори кишвар (21.12.2021) паёме буд раҳнамо ва созанда.
Паёми имсола нисбат ба паёмҳои дигар бо он тафовут дошт, ки дар мувофиқа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рост омад. Сарвари давлатамон ба рушди маорифи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, қайд карданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи давлат ва Ватан мебошад. Ҳамчунин қайд намуданд, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазири бозори меҳнат, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки ҷиҳати омода намудани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шӯъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Аз ин рӯ, аҳли кормандони соҳаи маорифи мамлакатро мебояд, ки бобати боз ҳам хубтару беҳтар ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълим кӯшишу заҳмати зиёд намоянд.
Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ ва фаъолият дорем, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамонро дар ҳама бахшҳо – сиёсат, иқтисод, иҷтимоӣ ва фарҳанг дигаргуниҳои куллӣ фаро гирифтаанд. Ва истиқлолияти комили давлатии кишвари азизамон моро водор месозад, ки бо ин тағйирот ва таҳаввулоти воқеӣӣ ҳамқадаму ҳамрайъ бошем. Хушбахтона, бо сайъ ва эҳтимоми Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣӣ, Президенти ҷумҳурӣӣ, муҳтарам Эмомалӣӣ Раҳмон ба мушкилоту муқовиматҳои дохилию хориҷӣ нигоҳ накарда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз ҷумла, маориф ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Чуноне дар Паёми соли гузашта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки:
“Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар рӯҳияи замони муосир, дар рӯҳияи масъулиятшиносӣӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллаташ ба воя расад”.
Мавриди тазаккур аст, ки рисолати аҷами омӯзгор тарбияту таълими рӯҳафзои насли оянда, насле, ки тавонад бо неруи бовусъату муқтадири маънавии хеш дар ҳаллу фасл ва баррасии масоили мубрами ҷомеаи навини пурихтилофу пуртаззод нақши босазо гузошта тавонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки :
“Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд”.
Модом ки ин рисолати азим ба уҳдаи омӯзгор вогузор мешавад, пас, ӯ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамар дар заминаи тафаккури миллӣ бо истифода аз технологияю техникаи педагогӣ, методҳои таълими инноватсионӣ ва ба ин монанд, усулҳои нави таълиму тарбияро бояд, ки пайгирона дар амал татбиқ намояд, он гоҳ табиист, ки давлат пешрафта ва неруманд мегардад. Осудагиву амнияти кишвар низ бештар ба фарзандони босаводу донишманд эҳтиёҷ дорад, то ки тавонанд дар ин ҷаҳони пуртаззоду мушкилафзо тавассути фарҳанги баланд муқовимат намуда, шаъну шарафи давлату миллати хешро ҳимоя намоянд.
Марому мақсад ва ҳадафи масъулини соҳаи маорифи мамлакат дар давраи истиқлолияти комили давлатӣӣ равшан аст – ба тарбияи насли босаводу ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир ҷиддӣӣ машғул шудан, ки ин ғоя ҳамеша аз ҷониби Пешвои миллат таъкид мегардад. Аз ҷумла:
“Имрӯз дар зимни афзудани нуфузи техникаву технологияҳои муосир ва зиёд шудани воситаҳои гуногуни иттилоот устодону омӯзгоронро зарур аст, ки усулҳои нави таълимро интихоб намоянд ва ба донишҷӯён маълумоти бештарро пешниҳод гардонанд”.
Сарвари мамлакатамон, Ҷаноби Олӣӣ, муҳтарам Эмомалӣӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки “Мо бояд ҳушёр бошем, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем манфиатҳо ва арзишҳои миллӣӣ ва истиқлолияти давлатамонро ҳифозат намоем”. Ин масъулияти азим – рисолати азалӣӣ бар уҳдаи омӯзгор аст. Пас, мо омӯзгорон ҳангоми тарбияи насли ояндасозу умедбахш муваззафем, ки дар заминаи бунёдӣӣ – таъриху фарҳанги оламгири худ нақшаҳоро тарҳрезӣӣ намоем ва аз маҳдудаи худситоӣӣ берун рафта, ғояҳои олии инсонгароиро ҷиҳати рушди дунёи маънавии кулли милали олам тарғибу ташвиқ намоем, яъне, худшиносию худогоҳӣӣ ва худҷӯйиро дар заминаи муҳити фарҳангӣӣ эҷод мебояд кард. Риштаи пайванди гузаштаю имрӯзро ба ҳам мустаҳкам карданамон лозим аст, то ки насли баъдӣӣ, дунёи маърифатро воқеан дарк ва эҳсос намоянд, он гоҳ нақши онҳо дар мустаҳкам намудани эъмор ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣӣ ба маротиб афзун гардида, шахсияташон бе ҳеҷ шакку шубҳа дар оянда муҳтарам ва арҷманд мегардад.
Аз ин рӯ, мо омӯзгорон нуқтаҳои Паёмро сармашқи кори худ намуда, ҳамарӯза барои таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз бо як масъулияти баланди касбӣ кӯшиш ба харҷ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба ватан, миллат, фарҳанги волою пурғановати хеш, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбият намоем. Албатта, шахсияти ҳушманду фаъол набзи ҷомеаро аз дидгоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони халқ саъю талош меварзад, то ки онҳо аз падидаҳои хатарзои ҷомеаи муосир-иттиҳодҳою гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии экстремистию ифротгароӣ ҳифз шуда, дар амон бошанд. Ҳамзамон толибилмонро ҳушдор менамояд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба олами фарҳанги миллию умумибашарӣ бо тафаккури созанда ворид гарданд. Имрӯзҳо ҳастанд нафарони гумроҳе, ки фирефтаи ҳиллаю найрангҳои хоҷагони хориҷӣ гардидаанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мақсадан, дар сухан аз камбудию норасоиҳои иҷтимоию иқтисодӣӣ дар ҷумҳурӣӣ сухан ронда, нақши барозандаю мондагори Президенти мамлакат ва ҳукумату давлатро хираю камранг нишон додан мехоҳанд. Аммо мардуми азияткашидаи тоҷик аз имтиҳони сангини ҷанги бародаркӯш бо азобҳою қурбониҳои зиёд, вале сарбаландона баромад ва бозпас ба доми макру фиреби ҳуққабозон, ки бо ҳар роҳ тайёранд оташи ошӯбу ҷангҳои дигарро барои манфиатҳои шахсии хеш фурӯзон намоянд, намеафтанд. Ҳар як падару модар имрӯз талош бар он доранд, ки фарзандонашон нағзу дуруст хонда, соҳибтахассусу соҳибкасб гарданд. Бадин васила метавон пояи маориф устувор ва мустаҳкам гардад. Ҳар як омӯзгорро месазад, ки нуқтаҳои асосии Паёми раҳнамою созандаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, таълиму тарбияро боз ҳам ҷоннок намояд, чун ояндаи миллат аз рушди босуботи маорифи миллӣ ва омӯзгорони асилу некбин вобастагӣ дорад.
Акбарова Маҳранбӣ
н.и.педагогӣ, саромӯзгори кафедраи таҳсилоти ибтидоии
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment