Home ХАБАР САФАРЗОДА СУҲРОБ ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ!

САФАРЗОДА СУҲРОБ ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ!

by admin
129 views
Аз санаи 24-ум то 28-уми декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар он Сафарзода Сӯҳроб, донишҷӯи соли 3-юми факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид ва аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистод бо “Ҷоми Пешвои миллат” ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000-сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ногуфта намонад, ки мусобиқаи “Шоҳмотбозӣ” аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз баргузории он ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби ҳаёти солим ба шумор меравад. Дар воқеъ, варзиш гарави саломатӣ буда, чунин мусобиқаҳои варзишӣ имконият фароҳам меоваранд, то ҷавонон ширкат намуда, сатҳи ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Related Articles

Leave a Comment