Home ХАБАР ХУШХАБАР НАХУСТИН МАРОТИБА! ДАСТОВАРД ДАР ТАЪРИХИ 76-СОЛАИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ

ХУШХАБАР НАХУСТИН МАРОТИБА! ДАСТОВАРД ДАР ТАЪРИХИ 76-СОЛАИ ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ

by admin
300 views
Дар таърихи 76-солаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин маротиба ин дастовард ба даст омад.
Маҳз бо хизмату талошҳои пайвастаи ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо Шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуд.
Бо фармоиши Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2021, таҳти №348
дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010300 -Педагогика ва психология (6D010301 — Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот), 6D012000-Таълими касбӣ (6D012001.02-Назария ва методикаи омӯзиш (таҳсилоти касбӣ)) ва 6D050300 — Психология (6D050307 -Равоншиносии педагогӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.01-Педагогикаи умумӣ таърихи педагогика ва таҳсилот, 13.00.08-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.02-Назария ва методикаи фанҳои табиӣ (таҳсилоти касбӣ)) ва 19.00.00-Илмҳои равоншиносӣ (19.00.07-Равоншиносии педагогӣ) таъсис дода шуд.
Ба кулли ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ин дастоварди бузургро самимона табрик мегӯем!

Related Articles

Leave a Comment