Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ

ДИРАФШИ КОВИЁНӢ

by admin
239 views

Нест ҷуз қомуси миллат дар рафи ҳастии мо,

Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо.

Ногуфта намонад, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз парчамҳои калонтарин ва дарозтарин дар ҷаҳон мебошад, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тамоми муқаддасоте, ки дар Ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд, ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфтааст, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ду рамзи дигар, яъне Нишон ва Суруди миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рамз аст, рамзи давлатӣ аст.

Бояд гуфт, ки рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну мӯҳтавои амиқ доранд. Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонист. Нақши парчам дар давлатдори муҳим аст. Парчами давлатӣ рамзи озодӣ ва ифтихори миллати тоҷик аст.

Парчам дар баробари забону фарҳанг муқаддас аст. Парчам рамзи ҷовидонаи давлатдорист. Парчам ифодаи баланди ватандории мо тоҷикон аст. Парчам рамзи волои худшиносии миллист. Парчам рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллат мебошад. 

 

Фарзона ИБРОНЗОДА, донишҷӯи соли 5-уми факултети филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment