Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БАДАХШОН-САРЗАМИНИ ТОҶИКОНИ АСИЛ

БАДАХШОН-САРЗАМИНИ ТОҶИКОНИ АСИЛ

by admin
293 views

Соли пешин Сарвари давлатамон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ доштанд. Одамони андешаи солим дошта аз тамошои барномаҳои телевизионӣ, бахшида ба сафари кории Пешвои миллат хушнуд шуданд, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла, сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштааст.

 

Дигар акнун сокинони шаҳри Хоруғ аз нарасидани оби нӯшокӣ ҳаргиз душворӣ нахоҳанд кашид. Ҳукумат бо харҷи миллионҳо сомонӣ ин душвориро аз байн бардошт. Чуноне аз иттилооти расмӣ равшан аст, барои таълиму тарбияи наврасони вилоят, танҳо дар 20 соли охир беш аз 255 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ва азнавсозӣ гардидаанд. Дар замони истиқлоли давлатӣ аз роҳи бурсияҳои таҳсилии давлатҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар асоси Квотаи Президентӣ барои ҷавонони вилоят ҳар сол 200 ҷой муқаррар гардидааст. Даҳҳо бунгоҳҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Дар вилояте, ки замони Шӯравӣ «Боми Ҷаҳонаш» хонда буданд, аз сабаби набудани роҳҳо ва қатъ гардидани убуру мурур бо марказу деҳот, хӯрока ва ашёи зарурияти аввалияи аҳолӣ дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бо автомашина кашонида мешуд. Деҳотиён барои зимистонгузаронӣ ҳатто гӯгирду собун захира мекарданд. Ҳоло бошад, Бадахшон аз он бунбастҳои таҳқиромез раҳо ёфтааст. Дигар имрӯз бародарону хоҳарони бадахшонии мо метавонанд бо автомашинаи роҳат субҳ аз маркази вилоят ҳаракат карда, шом ба пойтахти кишвар бирасанд. Ва монанди ин садҳо намунаҳоро аз пешравиҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва илму фарҳанги ин гӯшаи зебои кишвар метавон ёдовар шуд.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба имрӯзу фардои Бадахшон хоссаву дурандешона аст ва бо меҳри бепоён ин вилоятро ҳамчун яке аз шоҳрагҳои давлатамон, «Дарвозаи тиллоии Ватан» номида, асри 21–ро «Асри Бадахшон» унвон кардаанд. Ин суханҳо дархӯри ниятҳои поку сарнавиштсози Пешвои миллат мебошанд, ки шахси нуктасанҷро бо хаёли солим ба ояндаи дурахшону шукуфони Меҳан хоҳад бурд. Зеҳни хушбин Бадахшонро ба сони нигини Аврупо — Шветсария мебинад. Чун бунёди роҳҳои автомобилгард ба поён расиданд, он замон дур нест, ки роҳи оҳан то Хоруғ ва Мурғобу Кулма бирасад. Имрӯз Бадахшон аз Ҳукумат кӯмакхарҷ (дотатсия) мегирад, аммо замоне хоҳад расид, ки аз роҳи татбиқи Барномаҳои дурандешонаи Сарвари давлат, бо бурун баровардани сарватҳои дар қаъри кӯҳҳои Бадахшон нуҳуфта, иқтидори иқтисодии давлатамонро садчанд хоҳад кард. Маҳз барои ҳамин мебояд роҳи оҳан бунёд кард. Аммо барои расидан ба ин ҳадафҳои ояндасоз ҳар яки моро мебояд дар дил ҷавҳари хештаншиносии миллӣ ва ватандӯстиро парварида, арзиши олии ваҳдати миллиро дарк намуд ва барои устувориву пойдории он самимона талош намуда, ба хурдтарин кӯшиши бадгуҳарони дохиливу хориҷии ҷудоиандоз, зарбаи қатъӣ зад. Чуноне мегӯянд, фӯки бадгӯёну бадсиголонро бояд шикаст.

Инҷонибро, ки меҳри Ватан болотар аз тамоми эҳсосоти дигари инсонӣ аст, кирдори норавои дар хонаи поки мардуми ориёинажод ниҳон кардани аслиҳаи ҷангӣ ва бо чашми бад нигаристан ба ҷунбиши миллатсозиву давлатсозии мо ниҳоят ошуфта сохта, кирдорҳои ҷинояткоронаи Зиёбеков Гулбиддинро, ки пайрави гурӯҳҳои ҷиноӣ бо саркардагии кадом як Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва дигарон мебошад, хиёнат ба давлату миллат медонам. Гумон мекунам агар касе даст ба шикасти осудагиву оромии мардум бибарад, мебояд дасти ӯро шикаст. Ба огаҳон ошкор аст, ки ин гурӯҳакҳои хиёнатпеша ҳамааш шуда, тарёкфурӯшони чиркин буданд. Дар пушти онҳо тарёкфурӯшони толибонӣ қарор доранд ва дар болои сари ҳамаи онҳо хонҳои ҳероинфурӯш истодаанд, ки дар Аврупову Амрикову Русия ҷойгоҳ доранд. Он бачаҳои беақл огоҳ нестанд, ки чун як лӯхтаки сари дасти бозигарони саҳна мебошанд ва фарҷомашон зиндонӣ гаштану ҷони ҷавонӣ аз даст додан аст. Барномарезону коргардонони толибонӣ, (бо забони русӣ онҳоро «наркобарон» хондаанд) савори автомобилҳои «Лимузин», ба тан либосҳои «Смокинг», гулӯ бо гарданбанди «бабочка» баста, дар тарабхонаҳои Аврупо тарҳи ошӯбу нооромиҳои кишварҳои Афғонистону Осиёи Марказиро мекашанд, зеро роҳи интиқоли хашхошу ҳероин (наркотрафик) аз ин кишварҳо убур мекунад. Ҳамин аст, ки кӯҳистониёни соддаро фирефтаи нақшаҳои худ сохта, ба раҳгумиҳову ватанфурӯшӣ тела медиҳанд. Паёмади гумроҳии ҷавонони гирифтори доми фиреби бадгуҳарони хориҷӣ, онҳро ба бенасибӣ «аз хонаву дари ҳалол», фарзандони солеҳ, нокомӣ аз меҳри модару зану фарзанд ва аз ҳама беш содир кардани хиёнати нобахшиданӣ — хиёнат ба Ватан мекашад.

Ҳамватанони бадахшонии мо набояд ҳаргиз аз ёд бибаранд, ки зодгоҳи онҳоро на танҳо хонҳои ҳероинфурӯш ҳадафи корсозии худ қарор додаанд, балки геополитикҳои кишварҳои ҷаҳонхор дар дил орзӯ мепарваранд, ки аз самти Бадахшон мамлакати моро ба Афғонистони толибонӣ табдил диҳанд. Ин гумон дархӯри маъниест, ки худо накунад мо каме ҳам ҳушёриро аз даст бидиҳем, пеш аз ҳама «Нигини Тоҷикистон» — Бадахшонро метавонанд хираву тира созанд.

Бояд каме хирад ба сар дошт ва дар тарозуи ақл кунишу вокунишҳои ҷаҳонхоронро варандоз кард ва дарёфт, ки ҳадафи асосии ин «Ҳомиёни дуруғини дини ислом» аз чӣ иборат аст. Бояд пурсид онҳо ки худ мусалмон нестанед (ё насронианд, ё ғайридин) ва ба исломиён дар дил бо чашми тамасхур менигаранд, аз чӣ ин қадар мекӯшанд шумораи кишварҳои исломӣ ва он ҳам исломиёни ифротгаро зиёд шаванд?

Посух якчанд аст, аммо муҳимаш ин аст: То ки шарқиён, мусалмонон ҳаргиз истеҳсолкунанда набошанд, тавлидоти Ғарбро бо нархҳои гарон бихаранд. Он вақт барои мардумонашон миллиардҳо ҷойи корӣ муҳайё мегардад ва мусалмонон аз донишҳои техникӣ вопас монда, дасти гадоӣ сӯйи ғарбиҳо хоҳанд бурд.

Бояд донист, ки ин Толибон, ДИИШ ва монанди онҳо фарзандони Ғарби ҷаҳонхор мебошанд.

Акнун бо дасти Толибон ва якчанд тангназарони бадахшӣ, ки сарварашон аз чашмаи бадбӯйи Ғарб об менӯшад, бо баҳонаи ҷонибдорӣ аз як ҷинояткори туфангбадаст, мехоҳанд зиндагии бе ин ҳам душвори бадахшониҳоро талх кунад.

Ман наздик ба 9 сол дар Афғонистон кор кардаам ва аҳволи бадахшониҳои он ҷоро медонам. Дар Афғонистон солҳои демократиашон бо якдигар бо забони шуғнӣ метарсиданд гап гӯянд. Дар шаҳри Қундуз намакфурӯшон аз шуғниҳо буданд ва ҳар гоҳ мо бо дӯстам шодравон Мискин бо гуфтори шуғнӣ суҳбат мекардем, аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Шояд бисёриҳо огаҳӣ надошта бошанд, ки Толибон чӣ гуна соли гузашта ба навоҳии Рузвай, Баҳорак ва дигар деҳоти Бадахшон даромада, тифлону пирсолону занонро ба қатл расонданд.

Ҳар ки аз саргузашти тоҷикон огаҳи дошта бошад, медонад, ки забонҳои помирӣ – шуғнӣ хазинаи бебаҳои забони форсии қадим мебошад. Ин мардум дар тафовут бо дигар тоҷикон асолати ориёӣ — тоҷикии худро нигаҳ карда омадаанд.

Бародарону хоҳарони Бадахшон, хирадро раҳнамои худ кунед, на гуфтори фиребхӯрдагони дар доми нашъаҷалобон гирифтор шударо.

Ватани зебову муқаддас ва ягонагии миллии тоҷиконро варҷованд, яъне муқаддас бидонед !

 

Зафар МИРЗОЁН, ноиби ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment