Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-МОЯИ ИФТИХОР

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-МОЯИ ИФТИХОР

by admin
112 views

Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад. Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлол ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки анъанаи парчамдории халқи мо аз умқи таърихи чандинҳазорсола сарчашма мегирад, яъне ачдоди шарафмандамон ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни кӯҳан роҳи тӯлонии давлатдориву парчамдориро тай намудаанд. Парчами миллии мо тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад. Албатта, боиси ифтихор аст, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои соҳибсуннату дорои анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормонҳои аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад.

Воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад. Мазмун ва муҳтавои парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири шукуфоии кишвар мебошад. Чунон ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷиллои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар доираи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3-юми ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисгон падидаи басо фараҳбахшу гуворо маҳсуб мегардад. Тибқи ин санад санаи 24-уми ноябр ҳамасола дар кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Мақсад аз таҷлили шукӯҳманди Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи арҷгузорӣ ба дигар арзишҳои миллӣ эҳтиром ва қадршиносии яке аз рамзҳои асосии давлатӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот мебошад.

Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташ ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қайд кардааст: «Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд».

Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

Ҳамин аст, ки имрӯз пайваста, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар бо афрохтани Парчами давлатӣ дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматкаши кишварамон зиндагии худро таҳти партави нури ҳаётбахшу роҳнамои ин рукни муҳими арзишҳои миллӣ пеш мебаранд.

Афрохта шудани Парчами давлатӣ дар болои бинои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалӣ, вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияву ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар ва амсоли ин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ҷой дода шудани акси он дар нақлиёти ҳавоӣ, асъори миллӣ, коғазҳои арзишноки давлатӣ, дар нишонҳои сарисинагӣ, васоити ахбори омма ва амсоли инҳо, қабл аз ҳама, дар таҷассуми рӯҳияи давлатдории миллӣ тибқи қонуни зикршуда роиҷ аст.

Имрӯз мардуми кишвар дар мақоми арҷгузорӣ аз истиқлол, давлатдории навин дар шоҳроҳи ташаккули бесобиқаи низоми сиёсии мамлакатамон парчамро чун дигар рамзҳои давлатӣ азизу гиромӣ медоранд ва онро рамзи зафару комёбиҳои нави меҳнатӣ меҳисобанд. Аз ин лиҳоз, Парчами давлатӣ ҳастии давлати мо, ифтихори миллии моро дар пайвастагӣ бо ғояҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ инъикос менамояд. Ба ин маънӣ парчам гувоҳи барҷастаи истиқлоли давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва нангу номуси ватандории мо гардидааст.

Дар ҳақиқат, имрӯз парчам ба сифати таҷассумгари бахту иқбол ва ҳаёти пурсаодати мардуми шарафманди кишвар дар ҷаласаҳои мутантани расмӣ, қисмҳои низомӣ, бунгоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, ҳатто дар мавзеъҳои истироҳатию фароғатии мардум ва ғайраҳо афрохта мешавад.

Парчам, бешубҳа, як рукни муқаддасот ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат дар рӯи замин мебошад. Соҳиби парчам будан ин ифодагари соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост. Халқи тоҷик ҳамчун яке аз ақвоми ориёиасл дар оини давлатдории хеш аз қадимулайём аз ин рукни давлатдорӣ истифода менамуд.

Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои устуравию таърихӣ соҳибпарчам будани ачдоди мо ба замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён ва қиёми Коваи Оҳангар бар зидди зулму куштори Заҳҳок — шоҳи бедодгар рафта мерасад. Ҳамон тавре ки маълум аст, Коваи Оҳангар барои хотима гузоштан ба хушунату ситами шоҳ Заҳҳок, ки ҳадду андоза надошт, пешбанди чармини хешро чун дирафш алвонҷ дода, оммаро барои саркӯб кардани ин тирагӣ ва бунёди саодату адолат даъват намуд.

Мардуми бадодомада зери дурахши он дирафш ба мубориза хеста, он манбаи ҷаҳлу ҷаҳолатро сарнагун намуданд. Дар ин муқовимат Фаридун ҳамроҳи бародаронаш Каёнуш ва Пурмон, ки аз насли шоҳ Ҷамшед буданд, иштирок доштанд. Пас аз ин ғолибият мардум подшоҳиро ба Фаридун, ки аз насли шоҳон буд, сазовор донистанд.

Бозёфтҳои бостоншиносон аз димнаи Экботан, Тахти Ҷамшед ва Истахр ин гуфтаҳоро собит месозанд. Бостоншиносони фаронсавӣ ва эронӣ аз харобаҳои Тахти Ҷамшед акси парчами замони Ҳахоманишиҳоро пайдо намуданд, ки аз ранги сурх иборат буда, дар маркази он акси уқоби болкушода тасвир ёфтааст.

Яке аз рамзҳои муҳими сиёсӣ, ки инъикоскунандаи ҳувияти миллии тоҷикон аст, ин Парчами давлатӣ мебошад. Дар парчами ҳар давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар миллат ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯи парчами мо рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешуд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон буданд. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешуд ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати нерӯманду устувор ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.

Ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо зери ливои хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми ачдодиро ҳимоя кардаанд. Ҳуввияти миллии ягонаро ташаккул дода, давлати худро ҳифз намудаанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, рамзи худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони ниёгон ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи тоҷик аст. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими
истиқполи миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад. Имрӯз Парчами миллии мо чун рангинкамон болои сари мо парафшон аст. Парчам низ ба мисли Нишону Суруди миллӣ барои боло рафтани ҳисси худшиносии мардум, ташаккули ҳуввияти ягонаи миллӣ воситаи муҳим маҳсуб мешавад.

Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию модии миллат аст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдориионҳо мақому манзалати арзишманде доштааст. Вақте ки ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чи ҷонбозиҳо кардаанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус, насли ояндасози миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад.

Маҳмуд АБДУЛЛОЕВ, доктори илмҳои таърих.

Related Articles

Leave a Comment