Home ХАБАР Сухани табрикотии Ректор бахшида ба ворид гардидани мусиқии «Фалак» ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони Байналмилалии ЮНЕСКО

Сухани табрикотии Ректор бахшида ба ворид гардидани мусиқии «Фалак» ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони Байналмилалии ЮНЕСКО

by admin
61 views

Устодону омӯзгорони арҷманд!

Шогирдони азиз!

      Нахуст ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо аҳли хонаводаатонро ба муносибати ғалабаи навбатии халқи тоҷик дар арсаи илму фарҳанг — ворид гардидани таронаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, аз самими дил табрику таҳаният мегӯям!

Имрӯз барои тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла, барои ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фараҳбору фархунда аст, зеро бо ибтикороту талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса тариқи маҷозӣ баргузор гардид, ворид гардидани таронаи «Фалак» — ро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.

Пешвои миллат дар бораи мусиқии миллии тоҷик гуфтаанд: «Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро  сайқали тоза мебахшанд.

Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд».

Пешвои муаззами миллат пайваста мекӯшанд, ки таронасароиҳои Шашмақом ва Фалак ҳамчун ду боли фарҳанги мақомсароии тоҷикон рушду тараққӣ кунанд.

Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мусиқии «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуда, ҳар сол 10 октябр «Рӯзи Фалак» бо тантана ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ҳунармандони мардумӣ гирд омада, ҳунари баланди хешро ба мардум намоён месозанд.

Дар чорчӯбаи ин ҷашн фестивалҳои байналмилалии «Фалак» баргузор мешаванд, ки ба ғайр аз фалаксароёни тоҷик, ҳунармадони мардумӣ ва фолклоршиносон аз Русия, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҳинд, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Миёна низ ширкат мекунанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки бо ташаббуси аҳли фарҳанг дар вилоятҳои Суғд, Вилояти  кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва як қатор шаҳру навоҳии кишвар  дастаҳои ҳунарии «Фалак» созмон дода шуданд.

Имрӯз анъанаи эҷодӣ ва ҳунари фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мавриди омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавон асрори нозукиҳои онро меомӯзонанд.

Мардуми мо ба устодони фалаксаро аз ҷумла Ака Шариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозимов, Абдулло Назриев, Гулчеҳра Содиқова, Мусаввар Минаков, Сафармуҳаммад Муродов, Тағоймурод Хушвақтов, Давлатманд Холов, Нуралӣ Холов ва дигарон арҷ мегузоранд.                

Мусиқии Фалак, ки ба шеъри тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад ва дар бораи барбатнавоз будани Рӯдакӣ ва шаҳруднавоз будании Ҳофиз ва дуторнавоз будани Саидалӣ Вализода ва монанди он ёдкардҳои фаровон дар корҳои илмии донишмандони тоҷик дида мешавад ва дар мавриди дӯстии шоҳаншоҳ, Хусрави Парвиз бо хунёгари бузург, Борбад гуфтаҳо фаровонанд. Ва гуфтаниам, ки мавзӯи Фалак ва паҳлӯҳои гуногуни он ҳанӯз ба таҳқиқоти олимон ниёз дорад.

Чуноне ки Фалак дар тарбияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва ҳимояи марзу буми бобоён ниҳоят нақши бузург дорад. Таронаи Фалак таронаи тоҷикон аст, ки мардумро ба якдилӣ, ғуруру нанги миллӣ, даъват мекунад. Ҳамин аст, ки мавзӯи Фалак ва Шашмақом барои олимони ҷавон, хусусан нақши Пешвои муаззами миллат дар рушди ин ҳунарҳои классикӣ, майдони густурда барои пажӯҳишҳои илмӣ мебошанд.

Дар поён бори дигар ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ ва дар симои шумо мардуми шарифи Тоҷикистонро бо  ворид гардидани мусиқии «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият табрик гуфта, ба тамоми аҳли илму фарҳанг дар ҷодаи эҷоди асарҳои баландмазмуну ҷолиб дастовардҳои беназир орзу менамоям.
Бигзор чароғи қалби ҳаводорону офарандагони ин санъати нафису бузург ҳамеша фурӯзон бошад!

Related Articles

Leave a Comment