
Сараввал роҳбари маҳфил Алишери Абдулмаҷид суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Басонати Сайдаҳмад — донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Таҳлили ғоявии романи “Дохунда” и Садриддин Айнӣ” ва Абдуллоева Шабнам, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзӯи “Усулҳои мусоҳиба бо кӯдакон” суханронӣ намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб хотима ёфт.