Home ХАБАР МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС ВА РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС ВА РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

by admin
215 views
Санаи 10-уми декабр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Адабиётшинос ва рӯзноманигори ҷавон” баргузор гардид. Дар маҳфил Холиқова Зайналбӣ, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, Одинаева Марҳабо, номзади илмҳои филологӣ, Мирзоева Маҳтовбӣ, муаллими калон, Алишери Абдулмаҷид, ассистенти кафедра, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба тарбия, Сафарзода Манучеҳр, муовини сардори раёсати илми донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Алишери Абдулмаҷид суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Басонати Сайдаҳмад — донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзӯи “Таҳлили ғоявии романи “Дохунда” и Садриддин Айнӣ” ва Абдуллоева Шабнам, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзӯи “Усулҳои мусоҳиба бо кӯдакон” суханронӣ намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment