Билл Гейтс, ки сарватмандтарин марди сайёра ба шумор меравад дар сӯҳбате аз ӯ пурсиданд:
— Ба фикратон аз шумо ҳам касе сарвадмандтар дар дунё ҳаст?
Билл Гейтсдар посух гуфт:
— Бале, фақат як кас.
Аз ӯ пурсиданд:
— Кӣ аст он шахс?
Гуфт:
— Чанд солҳо пеш, ё аниқтараш вақте, ки аз идора ихроҷ шудам ва дар сарам андешаи тарҳи Микрософтро мепарваридам, дар фурӯдгоҳи Ню‑Ёрк қабл аз парвоз чашмам ба рӯзнома ва нашрияҳо афтод. Аз рӯзномаи «Тетр» бисёр хушам омад, вақте дастамро ба кисаам дохтам то пул бароварда онро бихарам дидам, ки пули майда дар кисаам надорам. Рӯзномаро дар ҷояш гузоштам ва хостам аз онҷо биравам, ногоҳ писарбачаи хурдсоли сиёҳпӯсти рӯзномафурӯш, ки амалҳои маро мушоҳида мекард ба ман наздик шуду гуфт:
— Ин рӯзномаро бигир, манн онро ба ту бахшидам.
Гуфтам:
— Ман пули майда надорам.
Писарбача гуфт:
— Ман гуфтам онро ба ту бахшидам. Пас аз гузашти се моҳ боз тасодуфан дар ҳамон фурӯдгоҳ парвозе доштам ва боз чашмам ба як маҷаллае афтод, вақте дастамро ба кисам гузоштам дидам, ки боз пули майда надорам. Ҳамон писарбача боз маро дида гуфт:
— Ин маҷалларо бигир, ман онро ба ту бахшидам.
Гуфтам:
— Писарҷон! Ман чанд вақт пеш аз инҷо мегузаштам ва ту бароям рӯзномае бахшида будӣ, ҳар кас, ки инҷо ояд ва пул надошта бошад ту барояш рӯзномаҳоро мебахшӣ?
Писарбача гуфт:
— Бале, манн дилам мехоҳад бибахшам, аз суди худам аст, ки мебахшам. Суханони он писар он қадар ба зеҳнам асар гузошт, ки ба худам фикр мекардам Худоё ин писарбача бар мабнои чӣ эҳсосе ин суханонро мегӯяд. Пас аз гузашти 19 сол, пас аз он ки ба авҷи қудрат расида будам ва ҳануз ҳам суханони он писарбача дар зеҳнам буд, тасмим гирифтам он фардро биёбам то ҷуброни некиҳояшро бидиҳам. Одамонамро ба он фурӯдгоҳ фиристодам ва гуфтам:
— Биравед ва бубинед, ки дар фалон фурӯдгоҳ чанд солҳо пеш кӣ рӯзномафурӯшӣ мекард. Пас аз якуним моҳи кофтуков ва таҳқиқ ёфтанд, ки як фарди сиёҳпӯсти мусалмон будааст ва ҳоло дар яке аз театрҳо дарбон аст. Ӯро ба наздам даъват карданд ва дар идораам аз ӯ пурсидам:
— Маро мешиносӣ?
Гуфт:
Ҷаноби олӣ Бейл Гетс, тамоми дунё шуморо мешиносад. Ба ӯ гуфтам: чанд солҳо қабл замоне, ки ту писарбачаи хурдсол будӣ ва дар фурӯдгоҳ рӯзномафурӯшӣ мекардӣ ва ман, ки пули майда надоштамду бепул рӯзномаҳоятро ба ман додӣ. Ту чаро ин корро кардӣ?
Гуфт:
— Ин чизи табиӣ аст, зеро ин ҳис ва ҳоли худам буд. Ҳоло медонӣ чӣ корат дорам? Мехоҳам он муҳаббате, ки ба ман нишон дода будӣ онро ҷуброн кунам, аммо чи хел? Ҳар чӣ, ки бихоҳӣ бароят медиҳам (ҷавон вақе бо манн суҳбат мекард пай дар пай механдид).
Ҷавони сиёҳпӯст гуфт:
— Ҳар чӣ, ки бихоҳам бароям медиҳӣ? Дар ҳақиқат медиҳӣ?
Гуфтам:
— Бале, ҳар чӣ, ки бихоҳӣ бароят медиҳам, ман ба 50 кишвари африқоӣ қарзҳо додам, омодаам ба андозаи онҳо ба ту ҳам бидиҳам.
Ҷавон гуфт:
— Ҷаноби Билл Гейтс! наметавонӣ онро пардохт кунӣ.
Гуфтам:
— Яъне чӣ? Наметавонам ё намехоҳам?
Гуфт:
— Тавоноияшро дорӣ аммо наметавонӣ ҷуброн кунӣ.
Пурсидам:
— Чаро наметавонам?
Ӯ гуфт:
— Фарқи ман аз ту дар ин аст, ки ман дар авҷи нодориям ба ту бахшидам вале ту дар авҷи дороият мехоҳӣ ба ман бибахшӣ, ин чизеро ҷуброн намекунад, аслан ҳам ҷуброн намекунад, бо ин корат наметонӣ ором шавӣ, лутфи шумо аз сари мо зиёд ҳам ҳаст! Ҳамвора эҳсос мекунам сарватмандтар аз ман касе нест, ғайри ин ҷавони 32 солаи сиёҳпӯсти мусалмон.
Таҳияи Аҳмад Азиз