Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ – АСОСИ ЭЪТИМОД БА ОЯНДАИ НЕКИ ВАТАН ВА ҲАЁТИ ХУШБАХТОНАИ ХАЛҚ

ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ – АСОСИ ЭЪТИМОД БА ОЯНДАИ НЕКИ ВАТАН ВА ҲАЁТИ ХУШБАХТОНАИ ХАЛҚ

by admin
136 views
Миллати соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик туфонҳои зиёди рӯзгорро, ки бисёре аз миллатҳои дунё ба онҳо тоб наоварда, аз саҳнаи таърих берун шудаанд, бо хисороти вазнину қурбониҳои зиёд ҳам бошад, вале бо ҳифзи фарҳангу асолати хеш пушти сар ниҳодааст. Зери фишори омилҳои бегона, борҳо аз асли худ дур шуда, муддатҳо ба парешониву даргириҳо гирифтор шудааст. Мо насли соҳибватану сарафроз, меросбарони гузаштагони боилму фан ва оламшумул, ки имрӯзҳо дар фазои амну осоиш ва кишвари гулпероҳану рӯ ба рушду тараққиёт ба сар мебарем, бояд бидонем, ки бо чи душвориҳои камаршикане ба хеш бозгаштаем: соҳиби истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ва созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ гаштаем ва чӣ бояд бикунем, то аз шикастҳои таърих барои ҳамешагӣ эмин бимонем.
Ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта, ки бар асари онҳо миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик ва давлати ҷавону тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистон бо таҳмили иғвоангезону манфиатталабони дохиливу хориҷӣ ба гирдоби имтиҳони сангини таърих – ҷанги нангини шаҳрвандӣ, вартаи ҳалокату наҷоти миллат кашида шуд, дар баробари хисороти вазнини моливу ҷонӣ ва инфрасохторӣ, барои мардуми ин сарзамини биҳиштосову фарзонахез, инчунин, чеҳраи тобноки таърихӣ, лидери сиёсии мавриди эътирофи умум, умедбахши халқи ҷафодида, илҳомбахши элитаи сиёсӣ, сулҳҷӯю ваҳдатгаро, пайвандгари гурӯҳҳои оштинопазир, ҳомии арзишҳои давлатдории миллӣ, Пешвои аз худ гузаштаву ҷонфидои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд.
Дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари давлат интихоб гардид ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ роҳеро пеш гирифт, ки тавассути он кишвар марҳила ба марҳила аз ҷанги шаҳрвандӣ берун гардида, ба Ваҳдат ва ризоияти миллӣ расид.
Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 ҳамчун роҳбари давлат фаъолияти худро дар шароити мураккаби кишвар оғоз намуд. Рушди минбаъдаи кишвар, самти тағйироти демократӣ дар ҷомеа, сулҳ ва ризоияти миллӣ, ояндаи дурахшони кишвар бевосита бо номи ӯ алоқаманд мебошад. Як қатор муаллифон қайд менамоянд, ки масъулиятро дар чунин як вазъияти мураккаб ба дӯш гирифтан, ин танҳо сифат ва нишонаи сарварии сиёсӣ аст. Дар кишвар сарваре пайдо гардид, ки дар ҳолатҳои душвори таърихӣ, дар оғози солҳои 90-ум аз масъулият наҳаросид.
Чунончи ходими давлативу ҷамъиятӣ, муаллима Гулафзо Савриддинова, ки бевосита иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, қайд мекунад, яке аз ҳадафҳои асосии ин иҷлосияи тақдирсоз интихоби Сарвари арзандаи давлат ва муттаҳид намудани халқи ҷафокашидаи тоҷик дар атрофи ҳамин шахсият буда, аксари вакилон шахси муносибу арзандаи Роҳбари давлатро дар симои вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиданд. Роҳбари тозаинтихоби давлат Парчами ҷумҳуриро бӯсида, аз минбари баланд бо бовару қатъияти мардона эълон доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Аз ин нидои сулҳ, суханони дилпуронаи Сарвари тозаинтихоби давлат ашк аз чашмони иштирокдорони иҷлосия ва мардуми Тоҷикистон ҷорӣ гашт, ки ашки шодию нишот ва умед ба фардои нек буд. Бо иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қумондонҳои саҳроӣ аз ду ҷониб ба толор даъват гардида, якдигарро ба оғӯш гирифтанд ва дар саҳни ҳавлии Қасри Арбоб дар сари дастархони оштӣ ба ҳам омаданд. Роҳи тулонӣ ва душвори сулҳи тоҷикон аз ҳамин лаҳзаҳо оғоз шуд, ки хишти нахустини онро маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд.
Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб дар рӯзи ниҳоии Иҷлосияи 16 Шурои олӣ бовиқору ифтихор ва камоли масъулияту ҷасорат иброз намуданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим азму афкору ҷавонмардонаи Пешвои миллатро, ки дар он рӯзҳои сангини миллат вуҷудашро фаро гирифта буданд, бисёр муносиб ба риштаи назм кашидааст:
Ҷавониамро фидо кардам, диёрам то ҷовидон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад..
.
Ба қавли шоир, иқдомҳое, ки дар он замони «ҳар касу ғами ҷони хеш» Сарвари тамоман ҷавону ба қавли заҳрбори бадхоҳону нотандеҳон, «бетаҷриба» амалӣ намуд, ягон касро ҳайрону мафтун накарда наметавонад. Садҳо ҳазор гурезаи аз силоҳу силоҳдорон ҳаросонро бо масъулиятшиносии беназири сарварию дилсӯзии бемисли инсонӣ ба Ватани хароб баргардондану бо ҳарфҳои заминии дилбардору ҳамиятбарангез ба ободии мулки аҷдодӣ сафарбар намудан, ба хотири сулҳи чун обу ҳаво барои давлатсозию ватандорӣ зарур ҷон ба каф ба сад дари бастаю кушода, ба кулбаву кохи сад касу нокас cap задан, заминро, замини андакмасоҳату фаровонбаракати Ватанро бо нияти ободии дастархони мардум ба соҳиби аслиаш додан, барои ҳифзи ному эътибори миллати куҳанбунёду давлати тозаэҷоди тоҷик вораставу пайваста ва пурасару пурсамар аз минбарҳои баландтарини ҷаҳон ҷаҳду талош кардан, бузургтарин корҳоеанд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ва чунин натиҷабахшо иҷро шуданашон, дар тасаввур намеғунҷад.
Шоири нозукбаён дар қатори зикри самараҳои сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, зинда кардани бовару эътиқоди мардум: бовару эътиқод ба аслу асолат, мақому манзалат, вазифаву рисолат, нерую қудрати хешро аз ҳама муҳим арзёбӣ мекунад. Бовару эътиқод ба он, ки ин мардум ҳазоронсола таърихи пурифтихор дорад ва арзандаи он аст, ки дар сафи халқҳои созандаву мутамаддини ҷаҳон сарбаланду арҷманд қадам бизанад ва парчамаш бар фарози волотарин созмонҳои ҷомеаи башарӣ парафшону партавафшон бошад.
Пешвои миллат бо зуҳури наҷибатин хислатҳои сарварӣ – садоқат, ҷасорат, самимият, ватанпарварӣ, миллатдӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ғурури созанда, ифтихори поянда, эътиқод ба халқ, тамкини зебанда, бовар ба оянда мардумашро ба иҷрои вазифаҳои бузурги бунёдӣ – бениёзӣ аз неруи барқ, раҳоӣ аз бероҳӣ ва фаровонии ғизовор ҳидоят кард. Шояд барои мағзи торик ин суханон ҳарфҳое беш набошанд, аммо зарурату қимати онҳоро маҳз халқи Тоҷикистон медонад, ки зиёд азоби сардию тирагӣ кашидаасту моҳҳо аз дидори пайвандони минтақаҳои гуногунаш маҳрум будааст ва гушнагиҳои ҷонфишори понздаҳ – бист соли қабли фарзандон то ҳол вуҷудашро ба ларза меорад.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симати сарвари вилоят ва баъдтар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳаёти миллати тоҷик падидаи фавқулода муҳим ва гардиши кулливу сарнавиштсози умумимиллӣ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷиконро асос гузошт. Мактаб ва усулии роҳбарии мабно бар дониш, хирад, мардумсолорӣ, тавоноии дарки орзуву омоли халқи заҳматкаш, додрасӣ, намунаи рафтори роҳбарӣ, қудрати волои суханварӣ, фурӯтаниву хоксорӣ ва олиҳимматии ҷавонмардонаро дар амал нишон дод. Бо беҳтарин сифатҳои давлатдорӣ – азамати худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ, кордонӣ, ғаюриву далерӣ, бурдборӣ ва нексириштӣ дар минтақа ва арсаи олам ному манзалати қадимии миллати тоҷикро барқарор намуд. Мардуми олам Тоҷикистонро бо номи ӯ шинохт.
Сиёсатшиноси ватанӣ Абдуллоҳи Раҳнамо бар ҳақ қайд кардааст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат буда, мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.
Иқдомҳои фарҳангпарварона, ислоҳоти соҳаи маориф, тақвияти инфрасохтори соҳаи варзиш, ташкили китобхонаҳо, роҳандозии озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, сафарбарсозии ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар ва дигар ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат буд, ки имрӯзҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон баръало мушоҳида шуда, ҷавонони кишвар дар олимпиадаҳои варзишиву фаннии байналмилалӣ парчамбардори кишвари азизамон ҳастанд.
Ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бевосита панду насиҳат ва роҳнамоиҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо фарзандони саодатманди миллати куҳану давлати ҷавон, ҷавонони шарафманди кишвари соҳибистиқлоли рӯ ба пешрафтро водор месозад, ки ба бовариву эътимоди Пешвои хирадоини хеш сазовор буда, дар шароити сиёсии ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ва манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо беш аз ҳарвақта зиракии сиёсиро ҳифз намоем, атрофи ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ сарҷамъу муттаҳид бошем, пайи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру супоришҳои Сарвари оқилу нектадбир камари ҳиммати ҷавонмардӣ баста, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳмгузор бошем. Ҳар як порча замини муқаддаси ин диёри биҳиштосову фарзонахез, мулки аҷдодиву армонии гузаштагони боасолату шарафмандро ба қиммати ҷон ҳам бошад ҳифз намоем.
Исозода ПАРВИЗ, Зайнуддинзода НИЗОМИДДИН, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment