Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700–умин солгарди таваллуди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо нигаронӣ аз хуруҷи равияҳои тундгаро дар кишвар изҳори ақида карда, ба аҳли ҷомеа рӯ оварда гуфта буданд: «Дар шароите ки равияҳои тундгаро ва низоъҳои диниву мазҳабӣ дар баъзе манотиқи дунё торафт вусъат меёбанд, ақидаҳои мутафаккирони гузашта, амсоли Амири Ҳамадонӣ арзиши бештар пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, зиёиён ва олимону донишмандон, уламои динӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси андешаҳои ҳакимонаи ин қабил донишварон ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои нангин садо баланд кунанд ва дар зеҳни мардум, хусусан наврасону ҷавонон, ташаккул додану решадор сохтани ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам кор кунанд».
Роҷеъ ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва осори ӯ сухан ронда, набояд фаромӯш созем, ки мутафаккир фарзанди замони хеш буд ва бешак фармонбари он идеологияе буданд, ки дар ҷомеа ҳукмронӣ дошт. Сарчашмаи асосии таълифоти Амири Кабир Қуръон ва аҳодиси набавӣ мебошанд. Аз таҳлили осори дар баробари Қуръон ва аҳодиси набавӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аллома дар баёни таълимоти хеш аз осору эҷод ва ғояҳои пешқадаму башардӯстонаи намояндагони машҳури ҷараёнҳои мухталифи фалсафаву адаб, аз қабили Абeҳомиди Ғазолӣ, Шайх Фаридуддини Аттор, Ибни Арабӣ, Саноӣ, Наҷмиддини Кубро, Маҳмуди Шабустарӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Шайх Алоуддавлаи Симнонӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва монанди инҳо фаровон истифода намудааст.
Алии Ҳамадонӣ сабки таълифи вижаи хешро дошт. Ҳам дар офариниши асарҳои назмӣ ва ҳам осори насрӣ услуби маъмулии замонаш, яъне истифода ва такя ба оёти Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбарро (с) хуб кор фармуда, дар мавриди шарҳу таҳлили ин ва ё он мавзӯъ ақидаҳои хешро устодона баён месозад.
Аз маҷмӯи масъалаҳои асарҳои Алии Ҳамадонӣ маълум мегардад, ки ӯ бештар ба мавзӯъҳои таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, мавзуъҳои ҳуқуқи волидайн ва муносиботи байниҳамдигарии завҷ ва завҷа, мақому мартабаи зан, бародарию дӯстӣ, ҳимояи адли шоҳи одил, шукри неъмат ва мартабаи сабру анвои сабр ва ғайраҳо андешаҳои қобили таваҷҷуҳ рондааст.
Таҳлилу пешниҳодоти ниҳоят барҷастаю борикбинона ва афкори пешқадами ӯ аз равия ва талаботи таассуби мазҳабӣ болотар қарор доранд. Ин ҷо ёдоварии як байти Мавлоно Ҷомиро, ки як аср баъди бузургвор зиндагӣ кард ба мақсад муносиб медонем:
Зи ҳафтоду ду миллат кард Ҷомӣ рӯ ба ишқи ту,
Бале, ошиқ надорад мазҳабе ҷуз тарки мазҳабҳо.
Ба қавли уламои исломшинос, пайравони беш аз 70 равия, ҷараён ва мазҳабҳои гуногуни исломӣ яккаю ягона будани Аллоҳро қабул доранд, Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҳамчун пайғамбари охирзамон эътироф мекунанд, Қуръонро китоби осмонӣ медонанд, вале дар фаъолият ба мазҳабу равия ва ҷараёнҳои гуногун тақсим мешаванд.
Дар натиҷа ихтилоф, гуногунфикрию гуногунандешӣ ривоҷ ёфта, гоҳо боиси пайдо шудани таассуби динӣ мегардад. Дар ин байн шахсияти бузург, донишмандони оқилу доно, алломаҳои нозукбину дурандеш тавассути ранҷу заҳмати зиёд, махсусан тақвою парҳезкорӣ ба зинаҳои олии маърифати Илоҳӣ мерасанд. Агар мақсаду мароми пайравони шариат тавассути анҷоми аҳкоми шаръӣ, алалхусус намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ танҳо василаи ворид шудан ба биҳишт бошад, пас, аҳли маърифат аз Худо танҳо дидори муборакро тақозо доранд.
Вақте ки тири муҳаббати маъшуқ дар қалби ошиқ асар кард, ӯ девонаю шайдои олами фонӣ мегардад. Пайи дарёфти маҳбуба ба дашту даман, кӯҳу саҳро ва амокини мухталиф сафар мекунад, то аз он нишоне ёбад. Чунончи Алии Ҳамадонӣ мефармояд:
Дилеро, к-аз ғами ишқаш сари мӯе хабар бошад,
Зи ташрифи балои дӯст бар вай сад асар бошад.
Касе чун ғамзаи масташ зи зулфи ӯ парешон шуд,
Зи ному нангу куфру дин ба куллӣ бехабар бошад…
Гадоеро, ки бо султони беҳамто бувад савдо,
Дилаш пайваста решу айш талху дида тар бошад…
Ва ниҳоят, риёзат ва заҳматҳои бардавом ошиқро ба соҳили мурод мерасонад ва бо шӯру шавқи рӯҳӣ ва дарёфти ҳузуру ҳаловати қалбӣ фарёд мезанад:
Ошиқон акси рухат дар ҳама ашё бинанд,
Сари савдои ту дар сина ҳувайдо бинанд.
Ҳар киро як нафасе бо ту муҳайё гардад,
Ду ҷаҳон пеши дараш айш муҳанно бинанд.
Мусаллам аст, ки аксари намояндагони илму адаби асрҳои миёна чун узви ҷомеа аз ихтилофот ва зидиятҳои замон канора набуданд. Аз мутолиаи бардавоми осори Алии Ҳамадонӣ ошкор мегардад, ки аллома дар як қатор асарҳояш талаботи равияи Нақшбандияро бештар тарафдорӣ кардааст. Ӯ дунёи фониро дар чандин рисолаҳо ҳадиси машҳури Расули Акрам (с) «Аддунё – мазраатул охирати», яъне “Дунё зироатгоҳи охират аст”–ро далел оварда, таъкид менамояд, ки он чӣ ки дар дунё мекорӣ, дар охират ҳамон медаравӣ. Чуночӣ, дар «Захират-ул-мулук» омад:
Эй ки дар дунё нарафтӣ бар сироталмустақим,
Дар қиёмат бар сиротат ҷойи ташвиш асту бим
Қалби зарандуд настонанд дар бозори ҳашр,
Холисӣ бояд, ки аз оташ бурун ояд салим.
Ба қавли доираҳои таҳқиқ, Алии Ҳамадонӣ ақидаҳои ирфонии худро аз равияи Кубравия оғоз намуда, дар ҷараёни Нақшбандия инкишоф дода, дар силсилаи Ҳамадония ҷамъбаст намуд. Яъне, Алии Ҳамадониро побанди ҷараёнҳои ҷудогона, махсусан эмисар ё мубаллиғи равияи ташайюъ ҳисобидан нораво ва айни ҷоҳилист. Олими америкоӣ Герҳард Боверинг ҳангоми баррасии ин масъала ва муайян кардани ақида ва ҷаҳонбинии Алии Ҳамадонӣ чунин ишора мекунад: «Шахсият ва андешаи Ҳамадонӣ ба як оҳанге аз тазод мушаххас мешавад, ки бар таҷрибаи дин ва нигориши ирфониаш соя афкандааст. Ҳарчанд ӯ худашро аз аҳлофи содот (хонадони Пайғамбар) дар назар гирифта ва дар маҷмӯаи аҳодиси арабӣ ба Алӣ (а) ҷойгоҳи вижае додааст ва баъдҳо тавассути муридонаш ба Алии Сонӣ малаққаб шуд ва бо ин вуҷуд тибқи маъмул ба мазҳаби аҳли суннат эътиқод дошт ва мутаволиян ба яке аз ду мазҳби аҳли суннат мутааллиқ буд. Ӯ бо мазҳаби ҳанафӣ шурӯъ кард, аммо баъд аз дидани дунё, ки дар он Имом Шофеӣ ва Ҳазрати Муҳаммад (с) мулоқот кард ва ба мактаби шофеӣ тағйири мазҳаб дод».
Олими шинохтаи покистонӣ Аҳмад Ҳасани Донӣ борҳо ба шаҳри Кӯлоб мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кардааст. Ӯ ҳангоми сафари охирини худ (бори панҷум соли 1995) хотироташро оид ба аллома чунин баёен кардааст: «…Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ориф, шоир, мутафаккир, сарвари оқил, мураббии дурандеш, пуштибони мардуми ранҷбар буд ва мусулмонони ҷаҳонро сабақ медод: дарси муҳаббат, дарси ваҳдат ва эътиқод».
Дар воқеъ, Алии Ҳамадонӣ дар муносибат ба дину оин, мазҳабу равияҳои гуногуни замон сад дар сад тарафдор ва давомдиҳандаи ақидаҳои ҳакимона, таҳаммулгароӣ ва инсондӯстонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Чуноне дар ин порча:
Худо хоҳад зи банда бандагиро,
Расул хоҳад зи уммат пайравиро…
Машав сӯфию мулло, Шайхи Канъон,
Мусулмон шав, мусулмон шав, мусулмон.
«Мусулмон»-и Мавлоно ва Алии Ҳамадонӣ шахсест, ки «аз даст ва забони ӯ касе озор намеёбад», ҳамеша дар такопӯ ва ишқу муҳаббати Холиқи худ волою шайдост. Алии Ҳамадонӣ тарбияи маънавии инсони комилро ҳамчун рукни боэътимоди ташаккули шахсият ниҳоят муҳим шуморида, одамонро ба иҷрои амалҳои солеҳ аз қабили таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, саховатмандию хайрхоҳӣ, дур будан аз кизбу дурӯғ, наммомӣ ва ғаммозӣ, фоҷирию бадахлоқӣ, кибру ғурур, рибо ва муфтхӯрӣ давъат менамояд.
Воқеан, ислому мазҳаби Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ асил, беолоиш ва поку муназзаҳ буда, комилан ба фармудаи Қуръон ва суннати Расули Акрам (с) мувофиқ аст. Ӯ дар ҳама мавридҳо ситезакорӣ, тундгароӣ, ҷаҳолату кибру манманӣ ва дигар унсурҳои ахлоқи замимаро маҳкум карда, сабру таҳаммул, тамкину дурандешӣ, рафоқату инсондӯстиро азиз медонад ва тарғиб менамояд.
Дар ин бора хулоса ва андешаҳои оқилонаи донишманди афғон Муҳаммад Ҷаъфари Ранҷбар, ки дар таҳияи китоби “Аҳвор ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”-и Муҳаммад Риёз басе ранҷ кашидааст, қобили ёдоварист: «То ҷое ки чун нигоранда бештар аз 50 асари Ҳамадониро мутолиа ва таҳлил намудам, дар тамоми осор ва навиштаҳояш як навъ рӯҳи таомул, ваҳдат ва ихлос миёни шохаҳо ва фирқаҳои исломӣ дида мешавад. Дар ҳеҷ маврид навишта ва назаре, ки аз он бӯи тазоду тафриқа ояд, дида намешавад. Ҳамадонӣ бо ҳамин вижагиҳои оливу илмӣ, ахлоқиву маънавияш дар шароити буҳронии имрӯз метавонад сармашқи хуб барои пайванд ва наздикии кишварҳо ва ақидаҳои мусулмонон бошад».
Пас, мо бояд суханони арзишманди бузургони гузашта, дар ин радиф Мир Сайид Алии Ҳамадониро сабақи зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ба он бикӯшем, ки ҳеҷ гуна ихтилофу низои мазҳабӣ дар ҷомеаи имрӯза дастболою пештоз набошанд, роҳ надиҳем, ки тафриқаандозон бо шиорҳои ифродгаронаи худ шаҳрвандон, хусусан ҷавононро ба кӯчаҳои сарбастаи гумроҳӣ баранд.
Мавзӯи таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ дар асарҳои аллома, бахусус дар «Захират-ул-мулук» ном асарашон ҳамаҷониба таҳлил гардидааст ва аксари он андешаҳо имрӯз ҳам қимати таълимию тарбиявии худро нигоҳ дошта меояд ва дар тарбияи мо ҳиссагузор мебошад.
Умуман, дар тӯли беш аз 1400 сол фарҳанги миллию диннии мо тавассути ҳамин валиҳои Худо, уламои варзида, ашхоси таrводору парҳезкор нигаҳдорӣ ва нашъунамо ёфта, дастраси наслҳои имрeза гардидааст. Мо бояд саргузашти пурҳикматаи абармардони ҳикмату адаби гузаштаи худро омeхта, ҷавононро бо роҳи пуршарафи онҳо, ки моломоли сифатҳои волои таҳаммулгароӣ, инсонӣ, инсондӯстӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ ва шарафмандист, шинос намоем.
Онҳое, ки дар тафаккурашон чунин андешаҳои хайрхоҳонаи башардӯстона намеғунxад, мувозиби ҳоли худ бошанд, кӯшиш намоянд, ки дар ин роҳи пуршараф монеи дигарон нагарданд, гумроҳии хешро ба ҷомеаи солим сироят насозанд.
Тавре ки дар оғоз бо мисол таъкид намудем, муҳаббату самимият ва тавваҷуҳи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба алломаи давру замонҳо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бениҳоят зиёд буда, бо истифода аз аввалин имконот ба хонаи охирати ин шахси фозилу олим қадам ранҷа фармуда, ҳамзамон дар ободу зебо нигоҳ доштани ин макони муқаддас саҳми арзанда мегузоранд. Ва ин ҷо дар тақвияти амалу гуфтаҳои сарвари муаззами миллат нагузорем, ки нотавонбине, гумроҳе нисбат ба ин шахс ва осори бобаракат, маъруфу машҳури Машриқзамин ҳарфи носазое бигӯяд.
Воқеан, зинда гардонидани ному мақоми бузургон корест басо пураҷру савоб. Ва дар ин маврид аз ҳама беҳтар ва фаҳмотар худи Алии Ҳамадонӣ фармудаанд:
Ҳар ки моро ёд кард, Эзид мар-уро ёр бод,
Ҳар ки моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар ки андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар ки моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.
Ба андешаи ин ҷониб, ин мисраъҳо намунаи барҷастаи андешаи таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ мебошад.
Асозода Ҳотам Раҷаб, номзади илмҳои филологӣ