Санаи 9-уми октябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини “Самбо” бахшида ба гиромидошти хотираи Олимов Азалшо баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа Одинаев Исроил донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 71 кг ширкат варзида, сазовори ҷойи якум гардид ва бо медалу дипломи таъсисдодаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.