Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ 60 СОЛИ ПУРШАРАФ МУБОРАК, УСТОД ФОЗИЛОВ!

60 СОЛИ ПУРШАРАФ МУБОРАК, УСТОД ФОЗИЛОВ!

by admin
448 views

     Дилбастагӣ доштан ба ин ё он шуғлу пеша ва дар ниҳоят мушарраф гардидан ба комёбиҳою расидан ба мақсади неки азмкарда аз ҳар як инсони комил заҳмат, ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшишҳои доманадорро тақозо дорад. Шахс тавассути шабзиндадорӣ, омӯзишу такрорҳои пайдарпай ва меҳнату заҳмати зиёд ба фатҳи қуллаҳои мақсуд мерасад ва мақсадҳои хешро амалӣ месозад.

      Мурод аз овардаҳои фавқ беш аз сухане чанд нест, ки дар хусуси ҳаёт, фаъолият ва зиндагиномаи як фарди фидоии роҳи таълиму тарбия, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи методикаи таълими тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Фозилов Субҳон рӯшанӣ меандозад.

Ана ҳамин дилбохтагию меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба касби дӯстдошта буд, ки то имрӯз, устод дар риштаи тарбияи ҷисмонӣ ба таълим додану тарбия намудани шогирдон машғул аст.

Устод Фозилов баъди хатми техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе, ки онро 60 сол қабл бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида буд, ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон машғул аст.

Баъди хатми техникуми тарбияи ҷисмонӣ ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват мешавад ва хизмати Модар-Ватанро дар шаҳри Кушкаи Ҷумҳурии Туркманистон ба итмом расонида, бо рутбаи сержанти калон аз сафи қувваҳои мусаллаҳ озод мешавад.

Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ соли 1967 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи факултаи тарбияи ҷисмонии Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳозира ДДОТ ба номи С.Айнӣ) месупорад ва муваффақона аз имтиҳонҳои қабул мегузарад.

Субҳони ҷавон муҳассилини донишкада ва ҳамзамон муаллими тарбияи ҷисмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ шуда, кору фаъолият менамояд. Зиёда аз 8 сол ба ҳайси методисти шуъбаи маорифи вилояти Кӯлоб оид ба тарбияи ҷисмонӣ фаъолият менамояд. Баъдтар барои кору фаъолият намудан ӯро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ даъват менамоянд ва то кунун дар ин боргоҳи илму маърифат ба ҳайси муаллими калон ба тарбияи наслҳои ҷавон-омӯзгорони оянда шуғл варзида истодааст.

Саргузашти устод Фозилов С. чун дигар ҳамсолон одию муқаррарист. Мавсуф соли 1941 дар ноҳияи Шӯрообод (Шамсиддин Шоҳини кунунӣ) аз оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Солҳои душвори баъдиҷангӣ ба ҳаёти Субҳони хурдакак низ таъсири худро расонида буд. Азбаски дар ин давра дар тамоми саросари кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ азнавбарқароркунию азнавсозии харобиҳои ҷанг (Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945) мерафт, хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ аз шаҳди он бенасиб набуданд. Он солҳоро устод ба хотир оварда мегӯянд: «Дар овони хурдсолиам, соли 1951 падарам аз дунё гузашт, модарам дар рӯзгузаронии мо душворӣ мекашид. Бар замми ин, бригадири колхоз бачаҳои хурдсолро баробари калонсолон кор мефармуд ва ҳар рӯз баъди дарсҳо, махсусан, дар айёми таътили тобистона хона ба хона гашта, барои ҷамъоварии ғалладона ба саҳро мебурданд. Боре модарам аз бригадир, ки маро ба саҳро бурданӣ буд, илтиҷо намуд:

-«Акаи бргат, Субҳон оли майдек аст, аз уҳдаи ҳич кор намеброя, монш калонтар шава, хдм ба адира равонш мекнм.»

Бригадир бо ғазаб ба сӯи модарам чашм ало намуда:

-Чӣ, ту душмани халқӣ ё мефорат, ки ба Сибир бадарға бшай?-гуфту ба модарам аҳамият надоду ба ман фармон дод:«Пеш даро!»

Ана, ҳамин тавр мегузашт овони хурдсолии мо, бачагони деҳоти кӯҳистон…»

Ба чунин меҳнати тоқатнофарсо Субҳони хурдакак тоқат наоварда, дар сини 11-солагӣ ба шаҳри Кӯлоб ба хонаи амааш меояд ва баъди чанде роҳи шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира)-ро пеш мегирад. Ин сайёҳи аз оламу одам бехабар чанде дар кӯчаву бозорҳои ин шаҳри азим сарсарӣ мегардад. Рӯзе милитсионерҳои навбатдор вазъи ҳолат ва тартибу интизомро дар бозори «Сабз», ки бо номи «Зелёный базар» машҳур буд, назорат мекарданд, Субҳонро дида, бо ӯ суҳбат карда, аз ҳолаш бохабар мегарданд. Бо розигии Субҳон ӯро ба хонаи бачагонаи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) барои таълим гирифтану тарбия дидан мефиристонанд. Субҳони наврас дар хонаи бачагонаи ноҳияи Исфара бо баҳои хубу аъло таҳсил менамояд, ҳамчунин, дар корҳои ҷамъиятии хонаи бачагон фаъолона ширкат менамояд. Махсусан, ба корҳои варзишӣ шавқу ҳаваси беандоза дошт ва варзиши сабукро дӯст медошт, аъзои дастаи яккачини хонаи бачагон буд. Борҳо дар мусобиқа ва спартакиадаи бачагонаи ноҳиявию вилоятӣ ширкат намуда, сазовори ҷойхои ифтихорӣ гаштааст. Баъди хатми синфи даҳум маъмурияти хонаи бачагона қобилияташро ба назар гирифта, барои идома додани таҳсил ва сайқал додани маҳорату малакаи варзишиаш ба техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе роҳхат медиҳанд.    

Устоди барнодилу инсондӯст Субҳон Фозилов ба маҳзани илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зиёда аз 150 асар ва махсусан, асарҳои ниҳоят камёфту зарурии илмӣ, методӣ, дастурҳои тавсиявӣ ва асарҳои бадеиро туҳфа намудааст.

Устод Субҳон Фозилов дар давоми фаъолияти педагогиаш садҳо ҷавонро тарбия намуда, ба воя расонидааст, ки дар байни онҳо қаҳрамонҳо (чемпионҳо)-и шаҳру вилоят, ҷумҳурии Тоҷикистону Осиёи Миёна ҳастанд, ки аксари онҳо айни замон шараф ва парчами Тоҷикистонро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар мамолики хориҷ низ баланд бардошта истодаанд. Ва ин ҳама аз заҳмату меҳнати хоксорона ва таҷриба, маҳорат ва малакаи волои ин устоди бофазлу донишманд дарак медиҳад.

Дар давоми кору фаъолияташон бо зиёда аз 35 ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ҳамчунин, ифтихорномаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва унвони баланди Аълочии маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Устод Фозилов Субҳон имрӯзҳо 80-умин соли ҳаёти худро пушти сар карда истода бошад ҳам, ҳанӯз худро дур аз шогирдон тасаввур карда наметавонад, гоҳ дар дарсхона мебинед ӯро гоҳ дар майдончаву толорҳои варзишӣ. Ҳамчун ҳамкасб ба устоди азиз таманнои умри бобаракат ва соломатии бардавом, хушиҳои зиндагӣ намуда, хоҳони онем, ки бо тайёр намудани шогиодони арзанда дар соҳаи варзиш парчам ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар ҷахон баланд бардорад.

Бобохон ҶӮРАЕВ, саромӯзгори кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ

Related Articles

Leave a Comment