Home Без рубрики НАШРИ КИТОБИ ДАРСӢ БАРОИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ

НАШРИ КИТОБИ ДАРСӢ БАРОИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ

by admin
639 views

     Абдулқайси Саидҷаббор, Сардори шуъбаи назорати асъори Идораи танзим ва назорати асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамзамон ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Қарори Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.с.2021, №4/20 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони “ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР” ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонид.

Дар китоби мазкур маҷмуи масъалаҳои танзим ва назорати асъор дар шакли назариявию амалӣ баррасӣ шудаанд. Асосҳои муносибатҳои асъорӣ, шакл ва намудҳои муосири он дарҷ гардида, тартибу қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзиму назорати онҳо васеъ баррасӣ шудаанд. Масъалаҳои нисбатан муҳими сиёсати асъорӣ ва танзиму назорати асъор қайд гардида, тартибу қоидаҳои истифодаи асъори хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Китоб барои донишҷӯёну омӯзгорони тахассусҳои иқтисодӣ, бонкдорон ва иқтисодшиносон тавсия дода мешавад.

Китоб зери таҳрири Холиқзода Ҳ.Ҳ., номзади илмҳои иқтисодӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба чоп расидааст.

Ба китоб Умаров Х.У. – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Комилов Н.Б. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент – мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Мамадалиев Ф.С. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент – муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон ва Ниёзов М.А. – номзади илмҳои иқтисодӣ – мудири Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм тақриз навиштаанд.

Related Articles

Leave a Comment