Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҶАВОНМАРДЕ АЗ ТАБОРИ ҚАҲРАМОНОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҶАВОНМАРДЕ АЗ ТАБОРИ ҚАҲРАМОНОН

by admin
157 views

      Халқи тоҷик аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун халқи далеру ҷасур ва ватандӯсту ватанпарвар шуҳрат дорад. Сарчашмаҳои мӯътамади таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин халқ барои озодӣ, истиқлол ва якпорчагии меҳани худ талошҳои беназир намуда, дар ин роҳи муқаддас ҷоннисорӣ намудаанд.

       Аз аҳди бостонто имрӯз ҳеҷ як таърихнигор дар ёд надорад, ки ин миллат ба қасди ғасбу ғорат ба ин ва ё он сарзамин дасти таҷовуз дароз карда бошад. Ҳамчунин, ба ҳеҷ як аҷнабии ғосиб Ватан – Модари худро таслим накардааст, чаро ки дар ин роҳи муқаддас ҳомиёне чун Кова, Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафар ҷонфидоёни дигареро дорад, ки баҳри ҳифзи ному нанги миллат ҷоми шаҳодат нушидаанду кишвар ба душман надодаанд.   

Мардуми фарҳангсолор, маърифатпарвар, давлатсозу давлатдор ва меъмору шаҳрсоз борҳо аз хокистари сиёҳ эҳё шуда, дар мавзеъ ва ҷойҳои хушку холӣ давлатҳои муътамадин сохта, барои мардумони худ шароиту имкониятҳои фаровони зисту зиндагиро бо истифода аз фарҳангу маърифати фитрӣ муҳайё сохтаанд. Далели ин гуфтаҳо шахсиятҳои таърихие чун Куруши Кабир, Ардашери Бобакони Сосонӣ, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Куруши Кабир аз давлати фалаҷгашти Модҳо империяи бузурги Ҳахоманишиҳоро созмон дод, ки назираш дар аҳди қадим вуҷуд надошт. Ардашери Бобакони Сосонӣ пас аз истилои юнониён, ки дар собиқ ҳудуди империяи Ҳахоманишиҳо ҷуз бенизомиву парокандагӣ чизе боқӣ намонда буд, давлати бузургеро бо назардошти расму оини давлатдории пешин созмон дод, ки ба пешрафти илму фарҳанг ва тамаддуни минбаъдаи халқҳои ориёинажод асоси амиқ гузошт.

Баъд аз истилои араб натанҳо шаҳрҳои бостонии сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ба хок яксон гардид, балки тамоми сарвати зехнии дар тӯли садсолаҳо андӯхтаи миллати тамадунофари тоҷику форс аз дасти ифротиёни мутассиб ба боди фано дода шуд. Исмоили Сомонӣ ҳамчун бунёдгузори давлати миллии мутамаркази тоҷикон дар заминаи тамоман номусоиди сиёсиву иқтисодӣ ба давлати пуриқтидори миллӣ асос гузошт, ки дар сарзаминҳои зери идорааш забони тоҷикӣ, фарҳанг, анъана ва расму оини миллӣ-тоҷикӣ инкишоф ёфт.

Дар фарқ аз силсилаи шоҳони пешини халқи тоҷик Эмомлӣ Раҳмон дар марҳилае ба арсаи сиёсати бузург қадам гузоштанд, ки аз низому тартиби муқаррарнамудаи давлати Шӯравӣ натанҳо чизе боқӣ намонда буд, балки хоинон ва душманони миллати тоҷик фарзандони як модарро миёни ҳам душмани хунӣ гардонида буданд. Бародар хуни бародарро резонда, падар қотили ҷигарбанди худ гардида буд. Модар ҳар лаҳзаву ҳар соат шоҳиди қатли ваҳшиёнаи тифлакони маъсуму бегуноҳаш мегардид ва аз ҳама фоҷиаовару дарднокатараш ҳамин буд, ки ин ҳама бедодиву ваҳшоният бо амри душманони аҷнабӣ ва бо дасти фарзандони гумроҳшудаи ҳамин миллат амалӣ карда мешуд. Аз ин рӯ, халқи ваҳшатзади тоҷик дигар ба касе ва чизе бовар надошта, барои наҷоти ҷони худ ва наздикону пайвандонашон рӯ ба фирор, рӯ ба ғарибиву ғурбат оварданд, бехабар аз он ки ба ҷуз Ватан – Модар дигар касе ва дар ҳеҷ ҷой онҳоро интизор набуд. Воқаен ҳам дар хоки ғарибӣ ба сари мардуми парешонгаштаи тоҷик чи рӯзҳои наҳс омад, хонандаи огоҳ аз филми мустанади «Марди роҳ», ки тариқи телевизонҳои давлатӣ намоиш дода шуд, огоҳ гардидааст ва  мо аз боз кардани ҷароҳатҳои қалби ҳанӯз ҳам хуншори мардуми ранҷдидаи фирорӣ худдорӣ менамоем.

Маҳз дар чунин марҳилаи ҳассосу фоҷеабори таърихӣ фарзанди фарзонаву шуҷои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ворисони шуҷои миллати тавонои тоҷик бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ, ба умри ҷавони худ нигоҳ накарда, мардонавор сина сипар намуда, зимоми давлатдории аз ҳар ҷиҳат фалаҷгаштаи Тоҷикистони тозаистиқлолро ба зимма гирифтанд, ки ин воқеан ҳам қаҳрамонист.  

Буданд бадхоҳони давлату миллати тоҷикон, ки гуфтанд: «умри ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз як ҳафта зиёд буда наметавонад». Ин, албатта таҳдиди рӯирост ба сарвари ҷавони давлати Тоҷикистон буд. Бо вуҷуди ин ҳама таҳдиду хатар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарорсозии давлати дар садади нестӣ қарордоштаи Тоҷикистон аз ҳама роҳу воситаҳо истифода намуда, нахуст бо мухолифини «масти хун» сари мизи музокирот нишаст, ки қаҳрамонии дувумини  Ӯ мебошад. Бо заковат ва хиради азалии худ Пешвои миллат тавонист гуруҳи мухолифини силоҳбадастро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон умедвор созад ва минбаъд барои гуфтушунидҳои тӯлонӣ моил намояд, ки ин аз маҳорати вижа ва ояндаи дурахшони давлатдории роҳбари ҷавон шаҳодат медод.

Дар замоне, ки ҳудудҳои зиёди маъмурии Афғонистони ҳамсоякишвар чун замони ҳозира ба дасти гуруҳи терористии Толибон гузашта буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гуфтушунид бо мухолифин бидуни кафолати амниятии ҷонибҳои Тоҷикистону Афғонистон ба ин кишвари ноамн сафар карданд ва ин сеюмин қаҳрамонии Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад. 

Таърихи инсоният ҷангҳои бешумореро дар миёни қабилаҳо, давлатҳо ва дину мазҳабҳои мухталиф дар ёд дорад. Ин набардҳо одатан бо шикасти як ҷониб ва пирӯзии ҷониби дигар ба охир мерасиданд, вале ҷанги шаҳрвандие, ки  душманони хориҷии миллати тоҷик аз ҳисси мансабхоҳиву ҷоҳталабии иддае аз шаҳрвандони гумроҳгаштаи миллати мо истифода бурда ба кор андохта буданд, воқеан фоҷеабор буд,  зеро пушти ҳарду сангар шаҳрвандони як давалат, фарзандони як модар, пайравони як дину мазҳаб муқобили ҳам омада буданд. Пас, шикасту пирӯзии ҳарду ҷониб барои миллати тоҷик зарбаи ҳалокатбор ва хисороти ҷуброннопазир ба ҳисоб мерафт.  Бо вуҷуди вазъи мураккаби ҷангии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати баланди роҳбарӣ ва андешаҳои хирадмандона тавонистанд, ки пеши роҳи ин ҳама хавфу хатарҳоро, ки эҳтимоли зиёди ба нобудӣ овардани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дошт, гирад ва дар як муддати кӯтоҳ ба ин ҷанги бемаънии хонумонсӯз хотима бахшад. Ба таври мусолиҳа хомӯш кардани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ки тамоми ҳудудҳои маъмурии кишварро ба коми худ кашида буд, қаҳрамонии чоруми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.    

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон ҷазои хиёнат ва хиёнаткор ҷуз қатл дигар ҷизе буда наметавонад, вале Президенти хирадманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз барқарор намудани сулҳу субот дар кишвари ҷангзадаи Тоҷикистон кулли ҷинояткорону хиёнаткоронро натанҳо авф намуд, балки   онҳоро дар идораи давлат ҷалб намуда, аз нав имконияти кору зиндагии шоистаро дод, ки қаҳрмонии панҷуми Пешвои маҳбуби миллат ба ҳисоб меравад.

Вақте Тоҷикистони соҳибистиқлол дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ месӯхт, иқтисодиёти бе ин ҳам хароби аз давлати Шӯравӣ бамеросмонда ба сифр баробар гашта, ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон «дар хазинаи давлат як пули пӯчак боқӣ намонда буд». Бо чунин иқтисодиёт Президенти ҷавони давлати   Тоҷикистон тамоми фирориёни бехонумонгаштаи тоҷикро аз кишварҳои бегона ба ватан баргардонда, шароити зисту зиндагиро фароҳам намуда, «нимта нони худро бо ҳам тақсим карда», халқро аз парешониву миллатро аз бадномӣ раҳоӣ бахшида, қаҳрамонии шашуми хешро ба кулли мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳониён нишон дод.

Қаҳрамонии ҳафтуми Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки иддае аз роҳбарони собиқи кишварҳои минтақа бо пеш овардани даъвоҳои бепоя хилофи шурӯи сохтмони бузургтарин иншооти тақдирсози давлати Тоҷикистон – НБО Роғун гардида буданд. Алорағми нотавонбинон Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳи шикастнопазир, дар вазъияти тантанавӣ ба сохтмон НБО Роғун оғози расмӣ бахшид ва дар як муддати кӯтоҳ, пайи ҳам 2 чархаи онро ба кор андохт ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистонро таъмин намуд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки аввалин ваъдае, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистони ҷангзада дода бунданд, ин буд, ки: «Ман ба Шумо сулҳ меорам»! Ин маънои онро дошт, ки ин марди худододу шариф, пеш аз ҳама, хоҳони оромиву осудагӣ ва сулҳу осоиштагист, на чизи дигар! Мо мардуми қадршиноси Тоҷикистон баъдан хуб дарк намудем, ки вуҷуди шарифи эшон аз ваҳдату якдилӣ ва оромиву осоиштагӣ сиришта шудааст ва худ тимсоли ваҳдати саросарии натанҳо Тоҷикистон, балки кулли мардумони офатдидаи олам аст. Далели равшани ин гуфтаҳо мардонавор садо баланд намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили хомӯшиву бетафовутии кулли кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои ҳомии ҳифзи ҳуқуқи инсон нисбат ба рӯйдодҳои ахири Афғонистону мардуми ҷафодидаи он – махсусан тоҷикони ин сарзамини азиятдида мебошад, ки чунин қаҳрамониро таърихи инсоният ками андар кам дар ёд дорад.

Зиҳӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон!

Дар ин матлаби кӯтоҳ, мо дар ҳадди тавон ва тафаккури хеш кӯшидем то қатрае аз он баҳри бекарони қаҳрамониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки баҳри озодӣ, ободӣ, пешрафт ва гулгулшукӯфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол анҷом додаанд, иброз намоем. Албатта, барои рӯи коғаз овардани он ҳама қаҳрамониҳои дар тӯли таърихи начандон дарози соҳибистиқлолии Тоҷикистон анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нависандаро мебояд худ қаҳрамон бошад, то ба умқи дарку фаҳми қаҳрамоиҳои қаҳрамонон расида бошад.

Аз ин лиҳоз, якчанд андешае, ки   манзури хонандаи огоҳ намудем, маҳсули тафаккури шахсии банда буда, хулоса чунин мебошад, ки агар мо имрӯз озодем, соҳиби бахту иқболи накӯем ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллат эътироф мешавем, бешак ба туфайли қаҳрамониву ҷонфидоии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

      Гадомад Зулфиев – номзади илмҳои филологӣ, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ – педагогии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment