Ҳамдиёрони азиз!
Ба феҳристи санаҳои таърихии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон шомил гардидани 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ шаҳодати арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва адабиёти пурғановати миллати тоҷик, тадбире ҷиҳати боло бурдани ҷойгоҳи қофиласолори шеъри Аҷам, Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно мебошад, ки дар партави сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шоирест, ки мисли офтоб осмони назми форсӣ-тоҷикиро дурахшон кард, ҳамчун паямбаре падидор шуд, ки маъниҳои асили ватаниро дар миёни халқу миллатҳои форсизабон ривоҷ дод ва шоҳи кишвари маънавиёти нафис шуд. Рӯдакӣ буд, ки дар устувор гардонидани давлати Сомониён ҳиссагузор шуд.
Воқеан ҳам, имрӯз мо аз баракати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон пайдо кардем, ки ба афкору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузошта, номашонро зинда нигоҳ дорем, ки дар садри онҳо устод Рӯдакӣ қарор дорад.
Устод Рӯдакӣ натанҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлохоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад ва мо насли имрӯза ҳаминак муваззафем, ки бо шинохти ҳақиқии асолати таърихӣ барои рушду пешрафти кишварамон аз осори гаронбаҳои аҷдодонамон сабақ гирем ва роҳи минбаъдаи давлатдории навини тоҷиконро муайян созем.
Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост.
Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо шоирони тавоное чун Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Бедилу Садриддин Айнӣ, Мӯъмин Қаноату Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва амсоли инҳо аз он мактаб сабақҳо бардоштаанду хоҳанд бардошт.
Адабиёти навини мо, ки дар гузашта бо забони дариву паҳлавӣ машҳур аст ба давраи салтанати Сомониён ва бо номи устоди суханварӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ин забон дар тӯли солҳо ба бисёр бархӯрдҳои таърих рӯбарӯ шуда, худро то ба имрӯз ҳифз кардааст.
Замони зиндагии Рӯдакӣ марҳилаи наве барои забони тоҷикист, ки дар ин давра аввалин силсилаи навбунёди тоҷикон-Сомониён баъди истилои араб ба арсаи сиёсат омад ва бори дигар забони ниёгони худ-тоҷикиро дар шакли сифатан нав ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар кишвари азизамон ба манзури бузургдошт ва арҷгузорӣ аз ин шахсият як ноҳия, пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ҷамоати деҳот дар ноҳияи Восеъ, чандин муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Панҷакент, мактабҳо ва кӯчаҳо номи Рӯдакиро доранд. Муҷассамаҳои падари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди бархе аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла яке дар Боғи Рӯдакӣ дар маркази пойтахт ва дар саҳни майдони назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қомат афрохтаанд. Боғи муҳташами шаҳри Душанбе ва хиёбони марказии пойтахт низ номи Рӯдакиро дорад. Ҳамчунин Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёту фарҳанг, ҳамасола барои беҳтарин асарҳои адибону ҳунармандони тоҷик тақдим мешавад, низ ба номи Рӯдакист.
Аслан ба шарофати ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, тавассути онҳо гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон ободу зебо гардонида мешавад.
Қомат афрохтани пайкараи султони шоирони форсу тоҷик дар саҳни боргоҳи илму маърифат-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тантанаи воқеии арҷгузорӣ ба сухани нобу воло ва каломи ширину шевои дарӣ ва Рӯзи Рӯдакӣ рӯзи миллии шеъру адаб ва илму фарҳанг арзёбӣ мешавад.
Ин тантанаҳо дар болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву ояндаи тоҷик мусоидати созгор касб намуда, масъулияти ҳар як соҳибватанро дар рушду нумӯи Тоҷикистони азизу маҳбуби мо афзун мегардонад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бо як ҷаҳон ифтихору самимият, ҳамватанон ва кулли ҳаводорони ашъори ҷовидонаи устод Рӯдакиро бо ҷашнҳои бедории воқеии миллат, яъне 30-солагии истиқлол, зодрӯзи устод Рӯдакӣ табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама тандурустӣ, рӯзгори босаодат ва барору комёбӣ орзумандам!
Ҳайати бисёрҳазорнафараи устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва ҳар як сокини бонангу ори диёрро водор месозад, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиқ ба номи неки гузаштагони бофарҳангу закисалиқаи хеш бо кору пайкори созанда аз меросбарони сазовори ниёкон бошем.
Бигзор, шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ ҳамчун сарҳалқаи заррини назми оламгири тоҷику форс раҳнамои зиндагии босаодати мардуми мо гардад!