Home СИЁСАТИСТИҚЛОЛИЯТ ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

by admin
242 views

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ, ПРОФЕССОР МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Истиқолол ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар фарди баору номус барои ободии Ватан ва осудагиии мардум аст. Истиқолият эҳсоси қарзи ватандорӣ ва масъулияти ҳар фарди соҳибхирад дар ҷомеа, халқ ва миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Сарнавишти ориёиҳо, ки мо тоҷикон низ дар қатори чандин халқиятҳову миллатҳои мутамаддини олам яке аз меросдорони асили он ҳастем, аз ҷумлаи саҳифаҳои басо рангину шигифтангези таърихи башар аст. Ин тамаддун бо ҳама бурду бохташ барои миллати мо як рукни асосии таърихи сарнавишт, арсаи буду бош, пайдоишу ташаккули нахустин оинҳои давлатдорӣ, ҷавлонгаҳи дину оини яктопарастӣ, ташаккули фарҳангу арзишҳои миллӣ, арсаи худшиносию ҷаҳоншиносӣ гардидааст. Дар сари гаҳвораи тамаддуни ориёӣ қарор доштани силсилаи давлатдориҳои Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кӯшониён ва Сосониён бо вуҷуди ангезишу бархӯрдҳои тамаддуни эллинӣ ва буддоӣ асолати дерина ва нуфузи тамаддуни ориёро пойдор ва побарҷо нигоҳ дошт.

Фарҳанги ориёӣ ба башарият китоби муқаддаси «Авасто» ва нахустин намунаи тамаддуни башардӯстонаро тақдим намуд. Гузаштагони мо дар «Авасто» тарзи ҳаёти ончунон покизаю одилонаро тарғиб намудаанд, ки асари он дар сиришту ниҳоди ниёгонамон пойбарҷо монда, ҳатто ҳамлаҳои тӯлонии аҷнабиёни истилогар ба сарзамини аҷдодии мо нақши ин фарҳанги олиро аз зеҳни халқ зудуда натавонистанд. Ниёгони мо бо шиори фарогир ва пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзую омоли инсониятро ҳакимонаву орифона ифода намудааст, ки ин каломи пурҳикмат на танҳо барои чандин қавму миллат, балки барои ташаккули афкору рафтори аҳли башар ва арзишҳои умумиинсонӣ хидмат кардаанд.

Мо ба хотири наслҳои оянда ва фарзандону наберагонамон бояд фарҳанги сулҳ ва эҳтироми амиқро бо гуногунрангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо дастгирӣ намоем. Ба ҳамин хотир мо маърифату фарҳанги арзишманд ва ҳаётбахшу зиндагисозро ба таҳдиду хатарҳо, таассубу хурофот, эҳсоси нафрату бадбинӣ ва дигар падидаҳои манфӣ мухолиф гузошта, ба сифати як узви воҳиди ҷомеаи башарӣ дастовардҳои фарҳангии миллати хешро чун падидаи арзишманди тамаддуни ҷаҳонӣ истиқбол мегирем. Ин зарурати таърих ва амри замон аст, ки инсониятро аз бархӯрди тамаддунҳо, ҳалокати маънавӣ ва инқирози фарҳангии наслҳои оянда дар фаросӯи хатарҳои глобалӣ эмин медорад.

Имрӯз миллати тоҷик аз фарозу шеби таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳуввияти миллии хешро нигоҳ доштааст, ки аз ҳамон ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ ва дастовардҳои пурарзиши тамаддуни ислом ғизо мегирад.

Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.

Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Истиқлоли давлатӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Тоҷикистон маҳз бо иқдомҳои наҷибонаю ватанпарварона, ҳадафҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба як кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дида, мардуми сарбаланди мо ӯро «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат» унвон доданд ва ин иродаи халқро Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардонд. Дар сиёсати хориҷӣ низ Пешвои миллат ҳамеша масъалаҳои созандаро пешниҳод карда, ҳамчун сиёсатмадори асри ХХI дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст.

Баъд аз барҳам хӯрдани давлати бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир миллати тоҷик бори дуюм соҳибистиқлолу соҳибдавлат гашт. Миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлол роҳи бузурги созандагиву бунёдкориро тай намуда, ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Созишномаи Истиқрори сулҳ ва Ризоияти миллӣ амалӣ гашт ва мамлакат ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд. Солҳои истиқлол мавқеи Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам гардид.

То замони ба истиқлоли давлатӣ расидан тоҷикон марҳалаҳои муҳим ва душворро дар таърихи эҳёи давлатдорӣ гузаронидаанд. Муҳимтарин дастоварди давраи Истиқлол дар партави сиёсати мустақилонаи давлатӣ шаклу мазмуни нав гирифтани худшиносии миллӣ мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол боз диққати ҷомеа, махсусан зиёиёни кишварро пайваста ба мушкилоти боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватанпарастӣ ҷалб менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ ба ақидаи Президенти ҷумҳуриамон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон «раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд».

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ се маротиба ба Донишгоҳи давлтатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сафари корӣ доштанд.

Сафари якум. Муҳимтарин рӯйдод барои ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташрифи аввалини номзад ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (12 октябри соли 1994) ба шаҳри бостонии Кӯлоб ва донишгоҳ буд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии аҳли зиё ва донишҷӯёну омӯзгорон буд, ки аввалин вохӯрии номзад ба Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид ва ин яке аз санаҳои муҳимми таърихи донишгоҳ ба шумор меравад. Ба ин муносибат дар толори донишгоҳ маҷлис баргузор гардид. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ ноиби ректор оид ба таълим, профессор С. Азизов кушода, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар маҷлис номзадро С.А. Патрикеев — Сардори қувваҳои муштараки сулҳҷӯй дар Тоҷикистон, М. Убайдуллоев — ҷонишини аввали раиси Шӯрои Вазирон, А. Салимов — раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон ҳамроҳӣ мекарданд.

Сафари дуюм. Хурсандибахш буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» аз 2-юми сентябри соли 2014, таҳти рақами 565 ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2015 дар саҳни донишгоҳ гузаронида шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар паҳлуи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, хатмкардагони солҳои гуногун ва кормандони сохторҳои донишгоҳ 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн гирифтанд.

Дар ин рӯз бинои боҳашамати маъмурии донишгоҳ бо тамоми шароитҳо мусоид мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуд ва ин ҳамчун тӯҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба омӯзгорони донишгоҳ буд.

Сафари сеюм. Тавре маълум аст, 15 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офати табии моҳи майи соли ҷорӣ зарардидаи шаҳр ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ намуданд.

Дар ин сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Аӯбӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқот намуданд. Дар ин давра бинои асосии донишгоҳ, аз ҷумла толори фарҳангии рақами №1 донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, таҷҳизоти нав харидорӣ гардид.

Миллати тоҷик имрӯзҳо меваҳои ширини истиқлолро мечашад ва ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки ҳамчун миллати кӯҳанбунёд ва дорои тамаддуни таърихӣ ҳақ дорад, худаш кишварашро бисозад, бо мушкилот худаш дасту панҷа нарм кунад ва дар рушди ҷомеаи Осиёи Марказӣ нақши созандаи хешро гузорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти тамоми мушкилоти мавҷудааш имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як кишвари озод дорои истиқлоли комил шинохта шудааст.

Ҳоло мо дар арафаи ҷашнгирӣ аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз ин рӯ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ба хотири ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, хоҳони онем, ки ҳамеша сулҳу оштӣ дар кишвари мо таннинандоз бошад.

Бовар дорем, ки мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастовардҳои бузурги миллӣ, рушду нумӯъ ва ташаккули ҷомеи Тоҷикистон дар оянда низ меҳнати пурсамар хоҳад кард. 

Ҳамеша истиқлоли Тоҷикистон поянда бод!

Related Articles

Leave a Comment