ПАЁМИ
табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба ифтихори Рӯзи дониш
Ҳамватанони азиз!
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳамасола дар ватани азизамон — Тоҷикистон Рӯзи дониш ба унвони гиромидошти илму дониш бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи пайваста ва эҳтироми хос ба аҳли илму маориф доранд.
Аз ин хотир, пеш аз ҳама Рӯзи донишро, ки саршавии соли таҳсил аст, ба хонандагону донишҷӯён, маорифчиён, мардуми сарбаланди тоҷик ва кӯдакону наврасоне, ки аввалин маротиба ба мактаб қадам мегузоранд, табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, зеҳни бурро ва хониши хубу рафтори намунавиро таманно дорам.
Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумат ва хизмати фидокоронаи кормандони соҳаи тиб шиддати бемории коронавирус хеле паст гардид ва ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дарс рафта истодааст.
Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола дар муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз сармашқи фаъолият дониста, баҳри татбиқи онҳо пайваста саъю кӯшиш менамоянд.
Боиси хушбахтист, ки санаи 15-уми июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офати табии моҳи майи соли ҷорӣ зарардидаи шаҳр ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ намуданд ва бо зарардидагон дар толори фарҳангии донишгоҳ мулоқот анҷом доданд. Дар ин давра бинои асосии донишгоҳ, аз ҷумла, толори фарҳангии рақами №1 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, таҷҳизоти нав харидорӣ гардид. Қадами мубораки Пешвои миллат ба ҳар куҷо, ки расад файзбор хоҳад буд.
Раёсати донишгоҳ бо иштироки фаъоли омӯзгорон ва донишҷӯён дар соли таҳсили 2020-2021 дар як қатор чорабиниҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, “Ҷашни байналмилалии Наврӯз”, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус фаъолона иштирок намуданд.
Натиҷаи заҳматҳои омӯзгорон ва олимон буд, ки нимсолаи аввали соли 2021 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ карда мешавад, нисбат ба солҳои гузашта 5 зина боло рафта, ҳамакнун аз мақоми 17-ум дар мақоми 12-ум қарор дорад.
Раванди таълим дар ин давра муътадил идома ёфта, назорати асосӣ, ҷамъбасти пурраи сессияи санҷишию имтиҳонии зимистона ва тобистонаи соли таҳсили 2020-2021, омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани кори Комиссияи аттестатсионии хатми соли таҳсили 2020-2021, таъмини донишҷӯён бо стипендия, назорати давомоти донишҷӯёни таълими рӯзона, ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ ва магистратура равона карда шуд.
Бо мақсади саҳми назаррас гузоштан дар рушду такомули илм омӯзгорон дар 29 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ машғул мебошанд.
Донишгоҳ бахшида ба ҳар як санаи ҷашнӣ ва инчунин, баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир менамояд, ки ҳамагӣ барангезандаи ифтихороти ватандорӣ, тақвиятбахши ҳуввияти миллӣ, тарғибгари анъанаҳои неки ниёкон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, барои тарбияи ҷавонону наврасони рӯҳану ҷисман солим, парвариши онҳо дар рӯҳияи ободкориву созандагӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ аҳамияти хосса доранд.
Дар робита ба дастовардҳои варзишии донишҷӯён аз ҷумла бояд қайд кард, ки мутобиқи мактуби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои варзишии донишгоҳ, бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар санаҳои 12-13-уми марти соли 2021 байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи варзишӣ аз намуди варзиши “Гӯштини миллӣ” ҷиҳати дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни донишгоҳ ҳунарнамоии хуб нишон дода, аксар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд.
Мустафои Раҳмоналӣ донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ соли ҷорӣ дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди Ҷиу-Ҷитсу дар вазни 62 кг роҳхат барои иштирок дар Чемпионати Ҷаҳон гардида, варзишгари беҳтарини сол дониста шуд.
Боиси сарфарозист, ки Зафар Мирзоён – мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа барои силсилаи мақолаҳо доир ба ҳаёту фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии адиби зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар озмуни ҷумҳуриявие, ки аз тарафи нашрияи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода ва шаҳри Ҳисор доир гардид, ғолиб ва соҳиби Шоҳҷоиза гашт.
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун эълон карда буд. Озмун аз моҳи марти соли 2020 то аввали моҳи июни соли 2021 идома ёфт. Хурсандиовар аст, ки Ислом Ғуломов, Корманди шоистаи ҶТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори донишгоҳ барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад» дар озмуни мазкур ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Дар 6 моҳи аввали соли 2021 ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 4 китоби дарсӣ, 5 монография, 38 васоити таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 566 мақолаҳо ва фушурдаҳои маърӯзаҳои илмӣ таҳия ва нашр намуданд, ки дар ин самти фаъолият нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бартариятҳо ба назар мерасад.
Дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ умедбахш аст, зеро дар 6 моҳи аввали соли равон 17 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 5 нафар барои ҳимоя расман иҷозат гирифта, рисолаи илмии 54 нафар таҳқиқотчиён пурра анҷом ёфта, дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ин раванд низ рӯ ба инкишоф буда, нисбати соли гузашта бо назардошти теъдоди умумии омӯзгорон 1,6% зиёд мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2021 тибқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ 31 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 1 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 4 конференсияи вилоятӣ ва 14 конференсияи умумидонишгоҳӣ ва 12 мизи мудаввар гузаронида шуд.
Дар соли равон ҳуҷҷатҳои 4 нафар омӯзгорони донишгоҳ барои сарфароз гардидан бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳуҷҷатҳои 3 нафар омӯзгорон барои “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва 1 нафар омӯзгор барои “Ифтихорнома”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.
Ҳамасола маблағгузории самти илм аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиш меёбад. Вобаста ба ин, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои пешрафти илм ва омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ шурӯъ аз соли таҳсили 2013-2014 дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ омӯзгорон барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 3000 сомонӣ ва ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Аз соли 2013 то инҷониб аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва рисолаҳои докторӣ зиёда аз 110 000 (яксаду даҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 10 000 (даҳ ҳазор) сомонии он ба 6 моҳаи аввали соли 2020 рост меояд. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Ноил шудан ба дастовардҳои баланди таълимӣ-методӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар ҳама самтҳо аз ҳадафҳои асосии Раёсати донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат дар арсаи ҷумҳурию байналмилалӣ, ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош сурат мегирад.
Дар охир омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон, наврасону ҷавонон ва кулли мардуми кишварро ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик мегӯям.
Рӯзи дониш муборак, ҳамкасбони гиромӣ!