Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ГУШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД

ГУШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД

by admin
751 views

Абдулазиз РАҲМАТУЛЛОЕВ, мураббии шоистаи ҶТ оид ба гуштини тарзи озод

    Гуштини тарзи озод яке аз намудҳои қадимтарини гуштин ба шумор меравад. Аввалин маротиба дар дунё пайдоиши ин гуштинро дар давлати Англия меҳисобанд, ки ин ба асри XVIII рост меояд. Дар ин гуштин асосан қапидани пойҳо ва гузаронидани усулҳо бо ёрии пой иҷозат дода мешавад.

    Аллакай дар асри XIX ин гуштин тамоми Аврупоро фаро гирифту ва дар Амрико мусобиқаҳо дар ин намуд бештар шуданд. Хулоса, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон паҳн шуд ва ин рӯз то рӯз, сол то сол тараққӣ карда истодааст.

    Қоидаҳои гуштин ҳам сол то сол дигаргун шуда истодаанд: пеш вақт гуштингирӣ дар мусобиқа 9 дақиқа буда, аз се қисми қувваозмоӣ иборат буд. Барои серҳаракат гаштани гӯштин вақти қувваозмоиро 6 дақиқа аз ду қисм иборат карданд. Оид ба вазнҳо низ дар гӯштини тарзи озод чандин таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Вазнҳо низ чанд гурӯҳанд: вазнҳои сабук ва вазнин.

     Вазнҳои сабукро дар бар мегирад: вазни 57, 61, 65, вазнҳои миёна ин 70, 74, 79, вазни вазнин ин 86, 97, 125 мешаванд.

    Дар ин вазнҳо калонсолон ва ҷавонон гуштин мегиранд. Дар бораи ин намуди гуштин чи қадаре маълумот нависем, кам аст.

      Хушбахтона, дар кишвари зебоманзари мо Тоҷикистони биҳиштосо гӯштини тарзи озод рушду равнақ кардааст ва махсусан дар яке аз шаҳрҳои бостонӣ, ки ин шаҳри Кӯлоб мебошад, ин гуштин инкишоф ёфтааст. Махсусан, дар толори варзишии “Ҷасорат” аз солҳои 1979 то инҷониб беҳтарин варзишгарон тамрин намуда, дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва инчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Дар ин толор зиёда аз 2000 дараҷаи варзишӣ ва 180 номзад ва устодони собиқ Иттифоқи Шӯравӣ гардидаанд: аз он ҷумла Мирзоев Саид – мураббии шоистаи Тоҷикистон, Раҳматуллоев Абдулазиз – устоди варзиш, мураббии шоистаи Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод, Файзов Дилшод – устоди варзиши мураббии шоистаи Тоҷикистон, Рустамов Дилшод – устоди варзиши Тоҷикистон, Буриев Фаррух – устоди варзиши Тоҷикистон, Искандари Рустам – устоди варзиши байналмилалӣ, Файзиев Қосим – устоди варзиши байналмилалӣ, Хоҷаев Тоҷиддин – устоди варзиши Тоҷикистон, Каримов Шерхон – устоди варзиши Тоҷикистон, Мадиев Ҳусейн – устоди варзиши Тоҷикистон, Мусоев Ҷамшед – устоди варзиши Тоҷикистон, Мирзохҷаев Илҳомхуҷа – устоди варзиши Тоҷикистон ва дар айни ҳол зери роҳбарии ин устодон шогирдҳои зиёде тамрин карда истодаанд.

 

Related Articles

Leave a Comment