Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АҚИДАҲОИ ТАРБИЯВӢ ИБНИ ТУФАЙЛ

АҚИДАҲОИ ТАРБИЯВӢ ИБНИ ТУФАЙЛ

by admin
240 views

     Файласуфи маъруфи асри XII андалусӣ Абӯбакр Муаммад ибни Туфайл (номи лонтиниаш Абубасер) соли 1110 дар Қадис, (ҳозира Испания) ки аз шаҳристони вилояти Ғариота буда, баъди Қурта, дуюмин маркази мадании ин кишвар ба шумор мерафт, таваллуд шудааст.

           Ӯ дар муҳите ба камол расидааст, ки дар он эътибори илм ва эътимод ба олимон бағоят баланд буд. Ба воя расидани ӯ маҳз дар ин муҳит имкон дод, ки вай аз унсурони мутаассиби замонаш натарсида, бо омӯхтану инкишоф додани илму дониш машғул шавад.

    Ибни Туфайл аз наздикони нахустин халифаи сулолаи Алмуваҳиддин (1163-1184) буд. Файласуф,ки дар соҳаи илмҳои тиб, нуҷум ва риёзиёт дониши мукаммал дошт, сазовори таваҷҷуҳи Абдулмӯъин гардида, дар дарбори ӯ ба вазифаҳои табибию вазирӣ мушарраф шуд. Вай тамоми вақти аз хизмат холиашро дар китобхонаи шахсии ҳоким гузаронида, дониши фаровон бадаст овард.

    «Ҳай ибни Яқзон»-и Ибни Туфайл асари рамзӣ-фалсафие мебошад, ки дар он чун қаҳрамонони асосӣ ҳиссиёту нафс ва унсурҳои руҳии инсон — ақл, хаёлот, тасаввурот оварда шудаанд. Дар ин асар бо рамз ақидаҳои фалсафӣ-ирфонӣ ва иҷтимоию ахлоқии Ибни Туфайл баён карда шудаанд. Мо назири чунин асарро, ки бо истифода аз аносири вуҷудии инсон, монанди ақлу хираду дилу шомаву ғайра ба бор омадаанд, дар “Муҳити аъзам”, Тури маърифат”, “Тилисми ҳайрат”ва дигар осори Абдулқодири Бедил ва дигарон низ метавонем ба мушоҳида гирем.

     Сюжети рисолаи “Ҳай Ибни Яқзон”-и Ибни Туфайл чунин аст: Дар яке аз ҷазираҳои Ҳинд одаме бе падару модар ба дунё омад. Номи ӯ Ҳай ибни Яқзон буд. Дар муқобили ин ҷазира ҷазирае буд калонтар ва сернуфузтар. Шоҳион, ки мутакаббиру бад буд, хоҳаре дошт, ки ӯро ба шавҳар намедод. Барои вай ҷуфти муносиб намеёфт. Лекин хоҳараш дӯстӣ наздике дошт, ки бо ӯ пинҳони вохӯрда кӯдаке таваллуд кард. Кӯдакро дар қуттие гузошта, ба баҳр партофт. Мавҷи баҳр қӯттиро ба соҳил афканд. Кӯдак аз гӯруснагӣ ба гиря медарояд. Садои гиряи ӯ ба гуши оҳуе мерасад, ки бачаашро гум карда буд. Оҳу ҷониби садо равон шуда ба кӯдак шир дода калон кард. Вай бо ҳайвонот унс гирифт ва рӯз то рӯз фарқи дар зоҳири ҳайвонот ӯ худаш бударо фаҳмида либосу сарпаноҳ ҷуст. Ҳайвоноти дигар аз ӯ меҳаросиданд. Фақат оҳуе, ӯро шир дода буд,аз вай намерамид. Вақте ки оҳу пиру нотавон шуд, писараконро нигоҳубин кард ва хост, ки иллати заъфашро дарёфта онро даво кунад, вале узви маризи оҳуро пайдо карда натавонист. Сипас аз рӯи тахмин фаҳмид, ки он узв дар сина ҷой гирифтааст. Бо сангу шохаи хушкинаш синаи оҳуро даронда дилро ёфт. Баъди муоинаи дил ба хулоса омад, ки чизе дилро тарк кардааст. Бо усуле, ки аз зоғ омӯхта буд, оҳуро гуронд. Дар натиҷаи мушоҳидаи оташ фаҳмид, ки гармӣ танро баҳаракат медарорад. Либос пӯшидан, манзил сохтан ва ром кардани ҳайвонҳоро омӯхт.

    Ибни Туфайл дар рисолаи худ «Ҳай ибни Яқзон» роҳҳои расидан ба маърифати ҳақро нишон медиҳад. Дар зери таъсири ин рисолаи Ибни Туфайл дар адабиёти форсу тоҷик як қатор асарҳо пайдо шуданд, ки ин мавзӯи пешниҳод кардаи Шайхурраисро тақвият доданд.

                                                              Фарзонаи САЙФИДДИН, ассистенти кафедраи педагогика

Related Articles

Leave a Comment