Санаи 16-уми соли равон бо иштироки Раёсати донишгоҳ ҷаласаи навбатӣ доир гардид, ки дар он аз фаъолияти Раиси кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Исуфов Дилшод ҳисобот шунида шуд.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом оғоз намуда, ҳузури Раҳимов Қурбоналӣ — мудири шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфтанд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ, коргузорӣ ба фаъолони иттифоқи касаба дар асоси нақша – чорабиниҳо ва дигар масъалаҳо ироа гардид. Дар охир аз тарафи намояндаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ректори донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд.