Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН

ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАН

by admin
1949 views

Яке аз масъалаҳое муҳимтарине, ки нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муқаррар карда метавонад, ин қутрати ҳимоявӣ ва техникии Артиши миллӣ мебошад. Чунон ки Президенти мамлакат таъкид кардаанд:

«Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши Миллӣ ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир аст». Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳёи руҳияи миллӣ, таҳкими Истиқлолият, тарбияи худогоҳӣ ва худшиносиро ба пуррагӣ фарогир аст. Президенти кишвар аз рӯзҳои нахустин таклиф менамуд, ки ҷавонони миллати тоҷик мутаҳҳиду ягона бошанд.

Санаи 18-уми декабри соли 1992 дар кишвар дигаргун ва навоварии куллӣ ба даст оварда шуд, ки он ба ҳар як даргоҳи тоҷику тоҷикистонӣ ворид гардид. Ин навоварӣ он буд, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард ва ба зинаҳои ҳуқуқии Артиши Миллӣ замина ниҳод.

Ба ақидаи ман хизмати Модар- Ватан барои ҳар як ҷавонони кишвар қарзи ҳар як ҷавонмард аст. Баъзе аз ҷавонони мо аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ мекунанд, вале кори онҳо нодуруст аст, чунки хизмати Модар-Ватан қарзи ҷонии мост. Таъсисиёбии Артиши миллӣ масъулияти ҷавононро дар назди мардуми кишвар дучанд гардонд ва дар навбати худ Ватан ба насли ҷавон эътимод дошт ва дорад.

Фарзона ИБРОНЗОДА,

донишҷӯи соли 4-уми

факултети филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment