Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ СОЛРӮЗАТ МУБОРАК, ПАДАРҶОН!

СОЛРӮЗАТ МУБОРАК, ПАДАРҶОН!

by admin
248 views

Шунида будам, ки марде телефонашро ба назди устоди таъмиркор бурда мегӯяд, як телефонамро медидед, зеро хароб шудааст. Таъмиркор телефонро дида мегӯяд, ки телефонатон ягон дард надорад-ку. Мӯйсафед гиря карда, мегӯяд, ки пас, чаро фарзандонам ба ман занг намезананд?»

Хуш ба ҳоли фарзанде, ки ҳам модар ва ҳам падар дораду доимо дар фикрашон ҳаст. Эй бародарон ва хоҳарон, ба қадри ин ду кас бирасед. Баъзе касон ҳастанд, ки аз ин ду яктояш ё ҳардуяш ба он муяссар нашудааст. Масалан, банда худам, ки сояи падар, меҳру муҳаббатам, оғӯши гармаш панду насиҳатҳояш, суханҳои ширинаш, инчунин чизе, ки як падар дар худ дорад, надидаам. Намедонам бо ӯ будан чӣ ҳис дорад, на лаззати меҳрашро дидам, на гармии оғӯшашро. Ба забон овардани номаш як ҳиссеро дар қалбам ба вуҷуд меорад, ки худ даркаш намекунам. Ба худ мегӯям, агар ман ин шахсро медоштам, ба мисли очаҷонам мисли гавҳараки чашм дӯсташ медоштам. Дар зиндагӣ бароямон модар ҳам модар буд, он чашме, ки ба сӯи падару модар бо ғазаб менигарад, шикаста бод он дасте, ки ба сӯи онҳо баланд мешавад, бурида бод он забоне, ки дили эшонро мераҷонад.

Ман ҳатто як хотира ҳам аз вай надорам. Хурд будам, ӯро аз даст додам, вале то ҳол як умеде дар қалбам мегӯяд, ки рӯзе бармегардӣ. Туро ҳатто дар ҳобам ҳам намебинам. Кош он дареро пайдо кунам, ки ту аз дохилаш бароӣ, вале афсӯс ман ин ду касро модар — ҳама ҳастиям, падар-касе, ки дар қалбам зинда нигоҳаш доштамро ба мисли ин ду чизи шумориданашавандаанд, дӯст медорам. Яке боридани борон дигаре гиряи ятимон. Эй касоне, ки ин ду маънии зиндагиро доред, пас, худатон хулоса барореду ба қадри ҳар як тори мӯяшон дар пирӣ расед ва донед, ки шумо хушбахтарин шахс ҳастед.

Солрӯзат муборак, падарҷон! Илоҳо рӯҳат шод бошад, падарҷон!

Мадина АЛИЕВА,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment