Мувофиқи ақидаи олими амрикоӣ Р.С. Ронстадт, соҳибкорӣ — ин ҷараёни серҳаракати зиёдкунандаи боигарӣ мебошад. Боигарӣ аз тарафи он шахсоне ба миён меояд, ки онҳо аз ҳама зиёдтар бо маблағ, моликият, обрӯи худ таваккал мекунанд, шахсе, ки барои кори худ вақтро дареғ намедоранд. Шахсе, ки ба харидорон мол, ё хизматрасонии навро пешкаш менамояд. Ин мол ё хизматрасонӣ албатта пурра чизи нав буданаш лозим нест; муҳимаш он аст, ки соҳибкор қувваю воситаҳои заруриро сарф намуда, ба он хусусиятҳои нав дода, арзиши онро баланд карда тавонад.
Дар навбати худ, олимони машҳури амрикоӣ Р.Хизрич ва М.Нитерс дар асари худ «Соҳибкорӣ, ё чӣ хел кори худро шуруъ намуда, ба муваффақият ноил гардидан» ба мафҳуми соҳибкорӣ ба фикри онҳо таърифи васеъ додаанд, ки тамоми намудҳои рафторҳои соҳибкориро дар бар мегирад: «Соҳибкорӣ — ин ҷараёни истеҳсоли ягон чизи наве, ки дорои арзиш аст; ҷараёне, ки тамоми қувва ва вақти заруриро мегирад, ба ӯҳдаи худ гирифтани ҷавобгарии молиявӣ, иҷтимоиро талаб мекунад; ҷараёне, ки даромади пулӣ ва қаноатмандӣ аз кори иҷрокарда меорад».
Иззатулло ҶАЛИЛОВ,
донишҷӯи соли 2-юми факултети иқтисод ва идора