Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ВОРУХ

ВОРУХ

by admin
356 views

Ворухам, имрӯз Рашту Ғарму Хатлон бо ту аст,

Ҳам Хуҷанду ҳам Ҳисору ҳам Бадахшон бо ту аст.

Бо ту ҳаст имрӯз Панҷу Ванҷу Дарвозу Хутан,

Мардуми пурғайрати Кӯлоби бостон бо ту аст

Бар Ҳамадониву Фархору Шӯрообод ҳарф нест,

Шаҳри Турсунзодаву Айниву Рӯшон бо ту аст.

Конибодому Хуҷанду Панҷакент пайванди ту,

Язғулому Рӯдакиву ҳам Зарафшон бо ту аст

Дашти Ҷум ҳарчанд дур бошад зи ту эй Ворухам,

Лек боз баҳри амонӣ ҳар замон ӯ бо ту аст.

Чун сипар омодааст, ин замон Данғарашаҳр

Дар раҳи амну субот Темурмалик ҳам бо ту аст.

Ин ҳама аз дил бигуфтӣ, эй Сипоҳ, раҳмат ба ту,

Ворухам, имрӯз халқи Тоҷикистон бо ту аст.

Юсуфзода Мавлоно Абдуқодир (Мавлоно Ошиқ),

донишҷӯи соли 2-юми таҳсилоти фосилавии

факултети филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment