Home СИЁСАТПРЕЗИДЕНТ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР ДАР ПАЁМ

ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР ДАР ПАЁМ

by admin
358 views

Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз Паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ намуда, дар он музаффариятҳои 29-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Соли 2020 бинобар сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД — 19 барои сокинони сайёра ва мардуми шарифи Тоҷикистон хело мушкил буда, дар натиҷаи он паст рафатани фаъолияти иқтисодии кишварҳо ба назар мерасид.

 Бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бемории сироятии коронавирус КОВИД — 19 тамоми чораҳои мушаххас андешида шуда, барои табобати пурра ва саривақтии беморон 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар кормандони тиббӣ сафарбар гардонида шудаанд. Ҳамзамон, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуда, барои хариди доруворӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд. Дар натиҷаи чораҳои тадбирандешии Пешвои муазами миллат бемории сироятии коронавирус КОВИД — 19 коҳиш ёфта давра ба давра аз байн рафт.

Барои беҳтар намудани шароити иқтисодии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд, ки ин имкони беҳтари шароити зиндагии мардуми кишвар боз ҳам беҳтар гардид.

Бо вуҷуди пандемия самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар рушд намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Соли 2020-ум иқтисодиёти кишвар 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисодии кишвар ба вуҷуд оварда, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт, ки ин барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат заминаи хуб мегузорад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоли рӯз то рӯз зиёд гардида истодаанд, ки ин ба болоравии иқтисодиёти кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зидагии мардум мегардад. Бо ин мақсад соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассиаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метрии мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин имконият медиҳад, ки 193 ҳазор ҷойи нави кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шавад ва шумораи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон коҳиш ёбад.

Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи иншоотҳо бо суръат зиёд гардидаанд, ки симои кишвар боз ҳам зебову дилрабо гардида, шавқу рағабати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд ва барои боло бурдани обрӯ ва нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ имконият медиҳад. Махсусан, дар соли 2020 ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлол дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба нақша гирифташуда, сохта ва ба истифода дода шудаанд, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, ки дар ин доира шумораи ҷойҳои кори зиёд ва шароити иқтисодии мардум беҳтар мегадад.

Қобили қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳалӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ карда шуда, дар натиҷа дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шудааст, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ ва маҳсулоти воридотӣ мегардад.

Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноатии рақобатнок саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми кишвар эълон карда шудааст ва бо ин мақсад вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супоришдода шуд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди саноати дорусозӣ ва омода кардани мутахассисони дорои малакаи баланди истифодаи технологияҳои муосири дорусозӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешанд. Ин тадбирандешиҳои саривақтӣ ба беҳбудии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва мардуми кишвар имкониятҳои хубро фароҳам меорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабилӣ металҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки дар сурати коркарди саривақтии онҳо ба болоравии иқтисодиёти кишвар замина мегузорад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Ҳоло 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии ҷумҳурӣ қонеъкунанда нест. Вобаста ба ин Саридораи геология лозим меояд, ки корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин, назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшанд. Бо ин мақсад барои рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард ба Саридораи геология якҷо бо вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки дар асоси таҳлили захираҳо ва дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021-2030 ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

Нақши корхонаҳои саноатӣ дар болоравии иқтисодиёти кишвар хело муҳим мебошад. Дар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд, дар соли 2020 бошад, 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин кори саҳлу осон нест. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тадбиқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Вобаста ба ин роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади тадбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро давра ба давра ҳаллу фасл намоянд.

Дар сурати сохта ва ба истифода додани корхонаҳои бузурги саноатӣ, сари вақт кашф гардидани конҳои хурду бузург ва зиёд гардиани нави ашёи хоми маданиву ғайримаъданӣ иқтисодиёти ҷумҳурӣ, рӯёнидани 3 — 4 ҳосил аз заминҳо, ки аз Паёми имсолаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, сари вақт таъмин гарданд, ин ба боло рафтани иқтисоди ҷумҳурӣ ва баланд гардидани дараҷаи неку аҳолии халқ замина мегузорад.

Парвиз ЛОИҚОВ,

номзади илмҳои педагогӣ,

дотсент, мудири кафедраи педагогика

Related Articles

Leave a Comment