Home АНДЕША МЕТОДҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР РАВАНДИ ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

МЕТОДҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР РАВАНДИ ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

by admin
1452 views

Забони англисӣ забони байналхалкӣ буда, ҳоло дар тамоми мактабҳои кишварамон ҳамчун воситаи муошират омӯзонида шуда истодааст. Чунон ки ба мо маълум аст, омӯзиши забони англисӣ аз синфи се то синфи ёздаҳ ва дар баъзе мактабҳои хусусӣ аз синфи якум ба роҳ монда шудааст, ки ақидаи олимону методистон дар ин бора гуногун мебошад.

Л.В. Шерба дар ин хусус қайд кардааст, ки дарккунии маънои калимаҳо ва категорияҳои забони модарӣ бе мавҷудияти истилоҳҳо барои муқоиса хеле мушкил мебошад, инчунин, ӯ зикр намудааст, ки омӯзиши забони хориҷӣ барои дарки забони модарӣ ёрӣ медиҳад, чунки он ба воситаи таъминнамоӣ бо истилоҳҳо имконияти муқоиса карданро фароҳам меорад ва аллакай дар зинаи ибтидоӣ хонандагонро водор месозад, ки аз асорати забони модариашон озод шаванд.

Хусусан ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ дар машғулиятҳо ва ё дар корҳои беруназсинфӣ ба ташкил намудани корҳои мустақилона аҳамияти махсус дода шавад. Малакаҳои умумитаълимиро дар хонанадагон ташаккул дода, майлу хоҳиши доимии такмил додани сатҳи забондонии онҳоро тарбия намудан зарур аст ва дар дарсҳо роҳу усулҳои корҳои мустақилона омӯхта шаванд. Барои ин такя ба мисолҳо, суратҳои ранга ва нақшаҳо, материалҳои дидактикӣ ва сабти овозҳо муфид аст, вале ақидаи профессорон Г.В.Рогова ва И.Н.Верешагина дар ин бора андаке фарқ мекунад. «Дар ҷое, ки омӯзиши забони модарӣ хуб ба роҳ монда шудааст, омӯзиши забони хориҷӣ осонтар мегардад». Ба фикри ман ҳамчун муаллиф низ хонандагон бояд аввал забони модариашонро хуб омӯхта, баъд ба омӯзиши дигар забонҳо пардозанд, зеро бузургон гуфтаанд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Муваффақияти ноил шудан ба мақсади асосии таълими забони англисӣ, яъне мақсади ҳосил намудани малака ва маҳорати муоширати аз истифодаи методҳои гуногуни таълими забони хориҷӣ вобастагии хеле калон дорад. Вале барои омӯзгор донистани танҳо методика кифоя нест, зеро дар ин хусус Г.В.Рогова ва И.Н.Верешагина чунин зикр кардаанд: «Методика ин психологияи амалӣ нест, зеро донистани танҳо гузариши ҷараёнҳо ба монанди дар хотир нигоҳдорӣ, фикрронӣ, чӣ гуна ташаккулёбии маҳорат ва малака кифоя набуда, зарур аст, ки фанни омӯзонидашаванда, яъне забони англисӣ аз тарафи омӯзгор хуб аз худ карда шуда бошад». Инчунин, А.Пэнлоуш гуфтааст: «Методҳои хуб ва бад вуҷуд надоранд, балки муаллимони хуб ва бад мавҷуданд».

Ба фикри муаллиф дар ҳақиқат муаллимон бояд ғайр аз методикаи таълими забони хориҷӣ фанни тадрисшавандаро низ хеле хуб аз бар карда бошанду тавонанд, ки заминаи хубе баҳри таҳсили минбаъдаи омӯзиши забони англисӣ фароҳам оранд. Ба марҳилаи аввали омӯзиш аҳамияти ҷиддӣ бояд дод, зеро ин марҳилаи асосӣ ба шумор рафта, муваффақияти омӯзиши фан дар зинаҳои навбатӣ аз зинаи аввал вобастагии хеле калон дорад. Чунон ки шоир гуфтааст:

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Ё олими англис М.Уэст гуфта буд: «Забон фанне нест, ки омӯзонида шавад, он фаннест, ки бояд омӯхта шавад».

Педагоги машҳур К.Д.Ушинский зикр намудааст, ки ҳар як дарс барои омӯзгор бояд вазифа бошад, ки ҳалли онро қаблан андешад: дар ҳар як дарс ӯ бояд ба чизе ноил шавад, қадами навбатиашро гузорад ва тамоми синфро маҷбур кунад, ки ин қадамро гузоранд. Боз якчанд маслиҳатҳои муфиди дигаре барои омӯзгорон мавҷуданд, ки иқтибос аз принсипҳои таълим дар мактаби Берлитси ИМА мебошанд.

Рамазон МАҲСУДИНОВ,

саромӯзгори кафедраи

забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ

Related Articles

Leave a Comment