Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАСЪАЛАИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

МАСЪАЛАИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

by admin
137 views

Таҳлил ва мушоҳидаҳо собит месозанд, ки имрӯз аксари кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, аз ҷумла, Русия чаҳорчӯбаи мониторинг ва арзёбии фаъолияти таълимро дар доираи ислоҳоти ҷаҳонии низоми таҳсилоти кишварҳои худ таҳия намудаанд. Ин кишварҳо зимни таҳияи барномаҳои таълимӣ ба муайян намудани меъёрҳо (стандартҳо) шурӯъ карданд, ки ин як марҳилаи муҳимми сиёсати миллӣ дар соҳаи маориф ва назорати сифати таҳсилот ҳамчун қисми таркибии он мебошад. Ин меъёрҳо заминаи зарурии муайян намудани ҳадафҳои таҳсилот, ташкили фазои ягонаи педагогӣ дар кишвар маҳсуб шуда, ба шарофати он сатҳи ягонаи таҳсилоти умумӣ, ки ҷавонон дар муассисаҳои таълимии гуногун мегиранд, таъмин карда мешаванд.

Ҳар як субъекти раванди таълим — муаллим, хонандагон, волидон, маъмурият ва ғайра ба таъмини сатҳ ва сифати таълим манфиатдор аст. Даст кашидан аз низоми ягонаи давлатии таълим, инчунин, аз бисёр анъанаҳои устувори дерина ва ҷорӣ намудани анъанаҳои нав, аз қабили санҷиш барои қабул ба донишгоҳҳо ба ҷои имтиҳонҳои анъанавӣ, дароз намудани муҳлати таҳсил дар мактаб, рушди фаъоли низоми таҳсилоти ғайридавлатӣ ва ғайра масъалаи сифати таълимро ба қатори масъалаҳои афзалиятноки давлатию иҷтимоӣ ворид менамояд.

Таҳлил ва мушоҳидаҳо собит месозанд, ки имрӯз аксари кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, аз ҷумла, Русия чаҳорчӯбаи мониторинг ва арзёбии фаъолияти таълимро дар доираи ислоҳоти ҷаҳонии низоми таҳсилоти кишварҳои худ таҳия намудаанд. Ин кишварҳо зимни таҳияи барномаҳои таълимӣ ба муайян намудани меъёрҳо (стандартҳо) шурӯъ карданд, ки ин як марҳилаи муҳимми сиёсати миллӣ дар соҳаи маориф ва назорати сифати таҳсилот ҳамчун қисми таркибии он мебошад. Ин меъёрҳо заминаи зарурии муайян намудани ҳадафҳои таҳсилот, ташкили фазои ягонаи педагогӣ дар кишвар маҳсуб шуда, ба шарофати он сатҳи ягонаи таҳсилоти умумӣ, ки ҷавонон дар муассисаҳои таълимии гуногун мегиранд, таъмин карда мешаванд.

Ҳангоми арзёбии сифати таҳсилот муқаррароти зерин бояд ба инобат гирифта шаванд: 1) арзёбии сифат танҳо бо санҷиши тестии дониши хонандагон маҳдуд намешавад, гарчанде ки ин яке аз нишондиҳандаҳои асосии сифати таълим боқӣ мемонад; 2) арзёбии сифати таълим ба таври маҷмӯӣ, бо назардошти муассисаи таълимӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти он анҷом дода мешавад.

Қисматҳои низоми назорати сифати таҳсилот инҳо мебошанд:

— муқаррароти стандартӣ ва амалиётӣ: муайян намудани стандартҳо;

— амалисозии стандартҳо дар нишондиҳандаҳо (бузургиҳои ченшаванда), муқаррар намудани меъёре, ки мувофиқи он метавон аз ноил шудан ба стандартҳо натиҷагирӣ кард;

— ҷамъоварӣ ва арзёбии маълумот: ҷамъоварии маълумот, арзёбии натиҷаҳо;

— амал: андешидани тадбирҳои дахлдор, арзёбии натиҷаҳои тадбирҳои андешидашуда мутобиқи стандартҳо.

Назорати сифати таҳсилотро мустақиман дар муассисаи таълимӣ (худтанзимкунӣ, мониторинги дохилӣ) ё тавассути хадамоти берун аз муассисаи таълимӣ, ки одатан аз ҷониби мақомоти давлатӣ тасдиқ шудааст (мониторинги беруна) амалӣ кардан мумкин аст. Стандартҳои марбут ба шароите, ки татбиқи бомуваффақияти стандартҳоро таъмин мекунад, ҳамчун стандартҳои таъмини раванди таълим муайян карда мешаванд. Намунаи чунин стандартҳо мавҷудияти миқдори зарурии китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони соҳибихтисос, таъминоти мувофиқи моддию техникии раванди таълим ва ғайра мебошанд.

Ҳамин тариқ, арзёбии таҳсилот ҳамчун натиҷа ва раванди фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ ҷиҳати назорати сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён (ҳамзамон аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва ҳам аз ҷониби мақомоти берунаи давлатӣ) ва ҳам назорату арзёбии фаъолияти омӯзгорон фаҳмида мешавад. Муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯён яке аз рукнҳои асосии арзёбии сифати таҳсилот ба шумор меравад. Омӯзгор ҳамарӯза тавассути пурсиши шифоҳӣ дар синф ва арзёбии корҳои хаттӣ фаъолияти таълимии хонандагонро назорат мекунанд.

Имрӯз дар аксари кишварҳо гузариш аз як синф ба синфи дигар дар асоси низоми назорати доимӣ аз ҷониби роҳбарони синф ё муаллимони фанҳои дигар амалӣ карда мешавад. Шакли классикии имтиҳонҳо, ки дар охири соли хониш қабул карда мешуданд, амалан дигар вуҷуд надоранд. Онҳо ҳамчун воситаҳои иловагии муайян ҷиҳати назорати мунтазами фаъолияти донишҷӯён баррасӣ мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо, назорати доимӣ, инчунин, бо чунин шаклҳо аз қабили тестҳо, санҷишҳо, ки берун аз муассисаи таълимӣ ба таври мунтазам ва дар давоми соли хониш амалӣ мегарданд, мукаммал карда мешавад.

Ба мушкилоти сифати таҳсилот ва роҳҳои ҳалли он таваҷҷуҳ намуда, бояд зикр намуд, ки ин мушкилот барои таҳсил дар ҳамаи сатҳҳои муассисаҳои таълимӣ аҳамияти фавқулодда муҳим пайдо мекунанд. Равандҳои навсозии таҳсилот бо аз нав дида баромадани меъёрҳои сифати таҳсилот ва тасдиқи арзишҳои рушди захираҳои инсонӣ ҳамчун меъёри асосии сифати таҳсилот робитаи ногусастанӣ доранд. Мувофиқат накардани муқаррароти касбии қаблан муқарраршудаи иштирокчиёни амалияи раванди таълим бо самтҳои арзишманди таҳсилоти рушдёбанда метавонад боиси он гардад, ки натиҷаи дар таҷрибаи таълимӣ ба даст овардашуда (аниқтараш, сифати натиҷа), на танҳо ба арзишҳои воқеии таҳсилот мувофиқат намекунанд, балки имкон дорад ба он мухолифат кунанд.

Бинобар ин, имрӯз имкони татбиқи арзишҳои рушди захираҳои инсонӣ дар заминаи таҷрибаи таҳсилотӣ, на он қадар бо тағйирёбии низоми ташкилию методӣ ва коркарди технологияҳои нави таҳсилотӣ, балки бо тағъйироти арзишӣ-маънавии муқаррароти таълимӣ ва касбии иштирокчиёни ин амалия алоқамандии бештар дорад.

Маврид ба зикр аст, ки низоми муосири маорифи Тоҷикистон дар марҳилаи мураккаб ва муҳимми рушди худ қарор дорад. Идеологияи мавҷудаи ҳукмрон, ки тӯли даҳсолаҳо рушди мамлакатро муайян мекард ва ҳаёти маънавию фарҳангиро дар чанголи худ нигоҳ медошт, аз байн рафт. Дар марҳилаи кунунӣ барои ҷомеаи тоҷикистониён зарурати ҷустуҷӯи самтҳои нави таҳаввулоти иҷтимоӣ, моделҳои нави иқтисодию сиёсӣ, аз ҷумла, илмию педагогӣ, ки ҷавобгӯи таҳдиду хатарҳои муосир бошанд, пеш омад.

Бояд зикр намуд, ки самаранокии сиёсати таҳсилотӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, пеш аз ҳама, аз сатҳи таҳқиқ ва коркарди илмии он вобаста аст. Тарҳрезии методология ва технологияи ташаккул, инчунин амалисозии сиёсати таҳсилотӣ ҳаллу фасли мунтазами як силсила вазифаҳои маърифатӣ ва таҳлилӣ, аз ҷумла, аниқ намудани моҳияту мазмун ва дигар нишондиҳандаҳои марбут ба мафҳуми «сиёсати таҳсилотӣ», таҳлили ҳадафҳо, вазифаҳо, объект, субъект, воситаҳо, механизмҳо ва сарчашмаҳои онро талаб менамояд. Бинобар ин, дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф вобаста ба шароити муосир талабаотҳое ба миён омаданд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва маорифчиёни кишвар ҷиҳати иҷрои он ба таври муштарак бояд ҷидду ҷаҳд намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мутобиқати низоми таҳсилотро ба сатҳҳо ва хусусиятҳои рушди донишҷӯён ҳамчун яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ эълон мекунад. Назорати педагогӣ ҷузъи муҳимми низоми педагогӣ ва қисми раванди таълим мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин замина амалӣ намудани назорати сифати таҳсилот барои ҳар як мактаби олӣ шарти муҳим ва зарурӣ маҳсуб мешавад.

Тавре ки медонем, ҷиҳати амалӣ намудани чунин ҳадафҳо тайи чанд соли охир дар сохтори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷумҳурӣ дар самти маориф талош меварзад. Шӯъбаи мазкур чун ҷузъи таркибии раёсати таълими донишгоҳ фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, ҳамчунин қарорҳои Шӯрои илмӣ, илмию методӣ ва дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ ба роҳ монда, дар тӯли фаъолияти худ ҷиҳати таъсир расондан ба сатҳу сифати таҳсилот як силсила корҳоро ба анҷом расондааст.

Бояд зикр намуд, ки шӯъба дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори донишгоҳ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста ба ихтисосҳои дар донишгоҳ амалкунанда назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ баҳо медиҳад. Дар соли хониши ҷорӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи мазкур тибқи нақша масъалаҳои муҳимми раванди таълиму тарбия, аз қабили «Доир ба ҳолати ташкил ва баргузории пешдифои рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ дар кафедраҳои тахасусӣ (таълими рӯзона ва ғоибона)», «Санҷиши ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни хатмкунандаи таълими рӯзона ва ғоибонаи факултетҳои донишгоҳ, магистрантҳо ва доктор (phd) аз рӯйи ихтисос дар соли таҳсили 2019-2020», доир ба «Санҷиши барномаҳои таълимӣ дар кафедраҳои донишгоҳ ва мутобиқати онҳо ба нақшаҳои таълимӣ» ва ғайраҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки яке аз омилҳои муҳимми таъмини сифати таҳсилот, ин сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудани омӯзгорон ва донишҷӯён мебошад. Баланд бардоштани сатҳи азхудкунии нақша ва барномаи таълимӣ дар раванди таҳсил, қабл аз ҳама, аз иштироки фаъоли донишҷӯён ба машғулиятҳои дарсӣ вобаста мебошад. Бо назардошти ин, шуъбаи назорати сифати таҳсилот масъалаи мазкурро пайгирӣ намуда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани ширкати фаъолонаи донишҷӯёну омӯзгорон мунтазам санҷишҳо мегузаронад ва барои кумаки илмию методӣ ба омӯзгрон ва роҳбарони кафедраю факултетҳо таклифҳо пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин, бо супориши роҳбарияти донишгоҳ масъалаи дигари муҳим, ки дар раванди таҳсилот нақши калидӣ дорад — «Ҳолати барномаҳои таълимӣ, барномаи корӣ (силабус), бонки лексия, рӯнамо ва маводҳои электронӣ дар кафедраҳои донишгоҳ ва мутобиқати онҳо ба нақшаҳои таълимӣ ва раванди таълим дар соли таҳсили 2020-2021» мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки бинобар ҷиддияти масъалаи мазкур, рафти иҷрои он зери назорати бевоситаи ректори донишгоҳ профессор Абдусалом Мирализода қарор дошта, натиҷаҳои санҷиш бо иштироки худи ӯ дар Шӯрои илмӣ-методӣ баррасию арзёбӣ гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта супоришҳои мушаххас ва муфид дода шуданд.

Натиҷаҳои санҷиши Шуъбаи назорати сифати таҳсилот собит намуд, ки барои таъмини сифати таҳсилот ва тибқи талаботи замон ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ фаъолияти дастҷамъонаи коллективи педагогӣ зарур буда, аз ҷониби ин сохтор сари вақт ошкор намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта ва андешидани тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла, кӯмаки илмию методӣ ба омӯзгорони ҷавону камтаҷриба аз ҷониби роҳбарони кафедраю факултетҳо ва дигар масъулони макотиби олӣ боиси баланд гардидани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён хоҳад гашт.

                   

Маҳбуба БОБОЕВА,

номзади илмҳои педагогӣ, сардори

шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот

Related Articles

Leave a Comment