Падарону модарони гиромӣ!
Бидонед, ки дар ҳар як оила 1 ё 2 нобиға зиндагӣ мекунанд, ки ин нобиғаҳо дар оилаи Шумо низ ҳаст ва онҳо фарзандони Шумо ҳастанд!
— Оё мехоҳед, ки фарзандатон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намояд?
-Оё мехоҳед, ки фарзандатон номбардори Шумо бошад?
-Оё мехоҳед, ки фарзандатон дар 1 сол зиёда аз 150 китоб мутолиа кунад?
— Оё мехоҳед, ки фарзандатон фикри худро озодона бо забони адабӣ баён намояд?
— Оё мехоҳед, ки фарзандатон зиёда аз 100 ғазалу 150 рӯбоӣ ва дигар навъҳои шеъриро азёд намояд?
— Оё мехоҳед, ки фарзандатон муваффақу сарбаланд бошад?
-Оё мехоҳед, ки фарзандатон беҳтарин ахлоқи инсониро дошта бошад?
Пас, ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки мо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИИ «МУТОЛИА» барои тайёр намудани кӯдакон, хонандагон ва донишҷӯён ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис додем.
Мо довталабонро аз рӯи ду номинатсия: 1. Номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик (20 нафар), 2. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори шифоҳӣ, порчаҳо аз осори манзуми адибони классикӣ ва муосири тоҷик (20 нафар) тайёр мекунем.
Маблағи моҳона 100 сомонӣ муқаррар шудааст ва мо бо ин маблағ китобҳои даркориро харидорӣ карда, ба шунавандагони марказ пешниҳод мекунем.
Танҳо 40 нафар довталаб қабул мекунем! Шитобед!
Муаллими дарсдиҳанда номзади илми филология, дотсент, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷаҳонгир Рустамшо мебошад.
Телефон барои тамос: 981 000 219