Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ВАТАН

ВАТАН

by admin
446 views

Субҳи содиқ ғунчаҳои ин Ватан во мешавад,

Дар дили ҳар тоҷике меҳри Ватан ҷо мешавад.

Гар ба дуриҳо бошанд, ё ба мулки дигаре,

Баҳри ҳифзи ин Ватан, пиру ҷавон по мешавад.

Эй Ватан, ҳаргиз махӯр ғам, шод бошу шод зӣ,

Ҳарчи аз даст додаӣ, боз он эҳё мешавад.

Чун пароканда ба олам, гашта халқи тоҷикат!

Боз ба қадрат мерасанд, боз якҷо мешаванд.

Он ҳама неъмат ки додӣ, пос доремаш ҳама,

Ҳарки ношукрӣ кунад, ношукр расво мешавад.

Зон-ки Истиқлолу сулҳ, якҷо ҳарду дидаӣ,

Дар ҷаҳон номат намоён Тоҷикистон мешавад.

Адабҷон САДУЛЛОЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултети филологияи рус

Related Articles

Leave a Comment